Эътирози Гузоришгарони бидуни марз ба боздошти рӯзноманигорон дар Эрон

Дар пайи боздошти шаби гузаштаи (якшанбеи 27 январ) шуморе аз рӯзноманигорон дар Эрон созмони Гузоришгарони бидуни марз бо интишори баёнияе хостори озодии бидуни қайду шарти боздоштшудагон шуд.

Дар ин баёния омадааст: “Мақомоти масъули Эрон бояд ба боздоштҳои худсарона ва пай дар пай, ки танҳо ҳадафашон тазмини субот ва идомаи ҳаёти низом аст, поён диҳанд. Фарҷоми ин иқдомот танҳо шикаст аст.”

Кристоф Делуру, дабири аввали гузоришгарони бидуни марз дар ин бора гуфт: “Ташдиди саркӯби бевақфаи рӯзноманигорон дар Эрон идома дорад, ҳанӯз даврони терур ва саркӯбе, ки аз фардои интихоботи мавриди эътирози июни соли 2009 оғоз шуд, ба поён нарасидааст. 5 моҳ пеш аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон ин боздоштҳо ҳушдоре рӯшан аст. Даҳон ва забони рӯзноманигорон ва расонаҳо баста хоҳад шуд.”

Ин дар ҳоле аст ки Сайид Муҳаммади Ҳусайнӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон имрӯз душанбеи 9 баҳман (28 январ) дар мавриди боздоштҳои ахир гуфт: “Итминон дорам иттиҳоми онҳо (рӯзноманигорони боздоштшуда) матбуъотӣ набудааст.”

Оқои Ҳусайнӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Меҳр гуфта, ки: “Ҳанӯз дар ҳоли баррасии мавзуъ ҳастем ва баъд аз ҷамъоварии иттилоъот завоёи он мушаххас хоҳад шуд.”

Хабаргузории Меҳр иллати боздошти ин рӯзноманигоронро ҳамкории бархе аз онон бо расонаҳои форсизабон, ки онҳоро “зиддиинқилоб” номидааст, эълом кард.

Ба навиштаи хабаргузориҳои Меҳр ва Форс ба зудӣ додситонии инқилоб иттилоъияе дар хусуси боздошти ин рӯзноманигорон содир хоҳад кард.

Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжаӣ, сухангӯи қувваи қазоия рӯзи 2 баҳманмоҳ (21 январ) гуфта буд: “Бар асоси иттилоъоте, ки аз манобеъи мувассақ ба дасти ман расидааст, мутаассифона иддае аз рӯзноманигорон имрӯз ҷудои он ки дар рӯзномаҳои кишвар қалам мезананд, дасташон дар дасти ғарбиҳо ва зиддиинқилоб аст.”

Банобар гузоришҳои расида маъмурони амниятӣ дишаб дар дафотири рӯзномаҳои Эътимод, Баҳор, Шарқ, Ормон ва ҳафтаномаи Осмон ҳузур ёфтанд.

 

Маъмурони амниятӣ дишаб дар гурӯҳе ҳаштнафара вориди дафтари рӯзномаи Эътимод шуданд. Онҳо пас аз вуруд мубойли рӯзноманигоронро аз барқарории ҳар навъ тамоси телефунӣ манъ карданд ва кортҳои шиносоии онҳоро гирифтанд ва иҷозаи вуруд ва хуруҷ ҳам ба касе дода намешавад.

Маъмурон пас аз бозрасии дафтари рӯзнома аз рӯзноманигорони ҳозир дар таҳририя филмбардорӣ карданд ва сипас Насрин Тахайюрӣ, Сосон Оқоӣ ва Ҷавод Далериро ба утоқи Илёс Ҳазратӣ, мудири масъули рӯзнома бурданд ва мавриди саволу ҷавоб қарор доданд.

Маъмурон ҳудуди ду соъат баъд ин рӯзноманигоронро бо худ ба макони номаълуме мунтақил карданд. Онҳо ҳукми ҷалби Эҳсон Мозандаронӣ, яке дигар аз аъзои таҳририяи рӯзномаи Эътимодро низ бо худ доштанд.

Дар ҳамин ҳол 8 тан аз маъмурон низ ба рӯзномаи Баҳор рафтанд ва бо гирифтани мубойли рӯзноманигорон иҷозаи тамос ба онҳо надоданд. Маъмурон дар рӯзномаи Баҳор бо ҳукми ҷалб ба дунболи Райҳона Таботабоӣ буданд, ки дар он замон дар рӯзнома ҳозир набуд. Онҳо пас аз бозрасии дафтари рӯзнома ва филмбардорӣ аз он ҷо маҳалро тарк карданд. Ин дар ҳоле аст ки шанбешаб Сулаймон Муҳаммадӣ, дабири сервиси ҳаводиси рӯзномаи Баҳор ва Мелод Фадоиасл, дабири хабаргузории Кори Эрон (ИЛНО) тавассути маъмурони амниятӣ боздошт ва ба зиндони Эвин мунтақил шуда буданд.

Маъмурон ба ду рӯзномаи Шарқ ва Ормон низ рафтанд ва дар рӯзномаи Ормон Наргис Ҷудакӣ ва Муттаҳара Шафеъиро боздошт карданд.

Ҳудуди соъати нуҳи шаб ин маъмурон ба рӯзномаи Шарқ рафтанд. Бо листи боздоштиҳо ба утоқи мудири масъул рафтанд ва сипас вориди таҳририя шуданд, муҷаддад мубойл ва кортҳои шиносоии рӯзноманигоронро гирифта ва баъд аз муддате Пажмон Мусавӣ ва Пурё Оламиро ҳамроҳи худ бурдандю Онҳо ҳукми ҷалби Садро Муҳаққиқро низ ҳамроҳ доштанд.

Пас аз ин чаҳор рӯзнома маъмурон ба дафтари ҳафтаномаи Осмон рафтанд ва Акбар Мунтаҷабӣ ва Муҳаммад Қучониро дар утоқи сардабирӣ ба таври ҷудогона мавриди бозхост қарор доданд ва пас баъд аз баррасии сафҳаи Фейсбуки Акбар Муҷтанабӣ ва баъзе аз рӯзноманигорон оқои Мунтаҷабиро бо худ бурданд.

Эмилӣ Амроӣ дигар аз рӯзноманигорони боздоштшуда аст. Маъмурон бо ҳузур дар манзили ӯ, ки дар рӯзномаи Баҳор шоғил аст, ӯро боздошт карданд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки ӯ ва бақия рӯзноманигорони боздоштшуда ба куҷо мунтақил шудаанд.

Сабо Озарпайк, хабарнигори озод низ шаби гузашта бо ҳамлаи маъмурони амниятӣ ба манзилаш боздошт шуд. Бар асоси ахбори расида ҳашт нафар маъмурони амниятӣ дишаб ҳудуди соъати 8 шаб ба манзили ин рӯзноманигор муроҷаъа карданд. Аммо ба далели ин ки ҳукми боздоште нишон надоданд, хонуми Озарпайк дари манзилро боз накард ва маъмурон дар ниҳоят бо шикастани дар ва бо бархурди номуносиб ӯро дастгир карданд ва бархе аз васоили хонаро низ забт карданд.

Ин маъмурон то нимашаб машғули тафтиши манзили хонуми Озарпайк буданд ва дар ниҳоят ҳукми боздошти ӯро нишон доданд. Ин ҳукм тавассути додсарои фарҳанг ва расона содир шуду буд.

Модари Сабо Озарпайк имрӯз субҳ барои пайгирӣ ба додсарои фарҳанг ва расона ва ҳамчунин зиндони Эвин рафта, аммо пайгириҳои ӯ то кунун бенатиҷа будааст.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/01/130128_l16_nm_newspaper_journalist_arrest.shtml

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *