Эътирози Ҳамдампур: “Комсомольская правда”-ро дигар нашр намекунем!

Сардабири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шарифи Ҳамдампур, имрӯз зимни баргузории як нишасти изтирорӣ эълон дошт, ки минбаъд намунаи русии “Комсомольская правда” дар Тоҷикистон нашр нахоҳад шуд.

 Мавсуф, ки даҳ сол боз масъулияти чопи ин нашрияи русиро дар кишвар бар уҳда дошт, дар нишаст гуфт, ки эътирози мо ба як мақолаи Сергей Пономерев рабт дорад.

 Журналисти рус Сергей Пономарёв дар як мақолаи охираш, ки баъди боздид аз Тоҷикистон навиштааст, Тоҷикистонро «кишвари Равшану Ҷамшудҳо» номидааст. Ӯ дар оғози ин мақолааш гуфтааст, «дар ҳавопаймое аз Маскав ба самти Хуҷанд равонем ва дар миёни мусофирон танҳо ман чеҳраи славянӣ доштам. Бақия Равшану Ҷамшуд буданд…»

 Шарифи Ҳамдампур дар нишасти хабарие, ки имрӯз дар дафтари ҳафтаномааш доир гашт, мақоларо дар ҳаққи мардуми тоҷик таҳқир хонда гуфт, барои ҳамин тасмим гирифтем, ки чопашро қатъ кунем.

 Ёдовар мешавем, ки «Комсомольская правда» бо «Аргументи и факты» даҳ сол боз дар Тоҷикистон мешаванд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11469-e-tirozi-amdampur-komsomolskaya-pravda-ro-digar-nashr-namekunem.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *