Эълон оид ба қайдгирии намояндагони ВАО барои инъикоси Конфронси об

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии  намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, оғоз намуд.

Намояндагони ВАО, ки майли иштирок дар пӯшиши иттилоотии Конфронси мазкурро доранд, бояд ба Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тел. 221-43-69, e-mail: pressaccreditation@mfa.tj) муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои  зеринро пешниҳод намоянд:

  1. Номаи расмии ВАО бо дарҷи ному насаб ва вазифаи хабарнигор;
  2. Сурат – андозаи 3,5х4, 300 мегапиксел, jpeg
  3. Суроғаи почтаи электронӣ.

Барои хабарнигорони ВАО-и хориҷӣ, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба таврӣ доимӣ сабти ном нашудаанд:

  1. Номаи расмии расонаи хабарии кишвари хориҷӣ таҳти имзои роҳбари васоити ахбори омма бо дарҷи ному насаб ва вазифаи хабарнигор;
  2. Маълумотнома оид ба васоити ахбори омма;
  3. Шарҳи ҳоли хабарнигор
  4. Саволномаи (анкетаи PDF) пуркардашуда;
  5. Сурат – андозаи 3,5х4, 300 мегапиксел, jpeg;
  6. Нусхаи шиноснома;

    Бояд қайд намуд, ки баъд аз  бақайдгирӣ ба намояндагони ВАО бо мақсади ворид шудан ва анҷоми фаъолият дар ҷойҳои баргузории Конфронси  мазкур бейджҳои номии дорои акс  супорида мешаванд.

Муроҷиати намояндагони ВАО ҷиҳати бақайдгирӣ то соати 16:00   20 майи  соли 2015 қабул мегардад.

http://mfa.tj/tj/khabar-va-ruydodho/elon-oid-ba-qaydgirii—namoyandagoni-vao-baroi-inikosi-konfronsi-ob.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *