Эъломи барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ барои хабарнигорон

[b]Барои бори нахуст Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба даҳ тан аз хабарнигорони кишвар ҷоизаи Абулқосим Лоҳутиро эъто кард.[/b]

Интизор меравад, 17 март ҳайъат раисаи Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон ин ҷавоизро дар маросиме ба барандагон тақдим кунад.

Ҳарчанд, тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, қарор буд эътои ин ҷавоиз дар маросими таҷлил аз садумин солгарди интшори нахустин шумораи “Бухорои шариф” бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта баргузор шавад.

“Фергана.ру”, як сойти иттилоъотии Русия, бо такя ба манобеъи худ навишта буд, ки дар соли ҷорӣ яке аз ин ҷавоиз ба хабарнигори родию “Озодӣ” ихтисос ёфтааст ва ба ин далел мақомот тасмим гирифтаанд, ки маросими эъто ба таври мустақил баргузор шавад.

Зимнан, дар ин маросим ба ҷуз ду тан аз хабарнигорони расонаҳои Русия намояндагони расонаҳои дигари кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон даъват нашуданд.

Ҳамчунин, нафароне, ки аз онҳо умдатан ба унвони “хабарнигорони мунтақид” ном бурда мешавад, низ дар ин маҳфил ширкат надоштанд. Теъдоде аз хабарнигорон ба нишони эътироз низ аз ширкат дар ин маросим сарфи назар карданд.

Дар маҷмӯъ, дар соли ҷорӣ даҳ тан аз хабарнигорони кишвар барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шудаанд.

Аз ҷумла, дар миёни ин афрод Абдуқаюми Қаюмзод (родию “Озодӣ”), Абдуғафори Камол (шабакаи телевизиюнии “Ҷаҳоннамо”), Фирӯза Саидова (Родиюи давлатии Тоҷикистон), Сайёфи Мизроб (сардабири нашрияи мустақили “СССР”), Зафар Саидов (телевизиюни “Сафина”), Ҷумъа Қувват (нашрияи “Нури Нуробод”), Гавҳар Умарова (Донишгоҳи давлатии ҳунарҳои зебои Турсунзодаи Тоҷикистон), Игор Сатторов (ҳафтаномаи “Алюминийи Тоҷикистон”), Солеҳбой Дадабоев (нашрияи “Ҳақиқати Суғд”) ва Айниддин Қурбонов (рӯзномаи «Истиқлол» дар ноҳияи Темурмалик) мебошанд.

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки чаро дар соли ҷорӣ теъдоди барандагони ин ҷоъиза дар муқоъиса бо солҳои қаблӣ бештар аст, гуфт, ки ин мавзӯъ ба ҷашни садсолагии “Бухорои шариф” рабт дорад.

Вай гуфт: “Қаблан, мо ҳамасола ба чаҳор ё панҷ нафар хабарнигор ин ҷоизаро тақдим мекардем. Имсол тасмим шуд, ки ба хотири таҷлил аз садумин солгарди интишори шумораи нахустини “Бухорои шариф” теъдоди барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ то ба даҳ нафар афзоиш дода шавад.”

Зимнан, соли гузашта бахши пулии ҳар ҷоизаи Лоҳутӣ ҳазор сомонро ташкил медод. Тибқи иттилоъи масъулони Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон, феълан рӯшан нест, ки дар соли ҷорӣ бахши пулии ин ҷоиза муъодили чанд сомонӣ хоҳад буд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, мизони ҷоизаи пулӣ ба кумакҳои созмонҳои сармоягузор бастагӣ дошта ва музокирот дар ин замина идома дорад.

Вале вуҷуди масъули нашрияи “Алюминийи Тоҷикистон” дар феҳристи барандагони ҷоизаи имсоли Лоҳутӣ чунин сару садоҳоро низ ба дунбол дошт, ки ширкати “Талко” аз фароҳамкунандагони ҳазинаи молии ин ҷоиза аст.

Аммо, ба гуфтаи масъулони Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон, ширкати “Талко” танҳо дар таҳияи нишонҳои ин ҷоиза кумак карда ва бо таъмини молии ин тарҳ иртиботе надорад.

Зимнан, соли гузашта Вазорати кишоварзии Тоҷикистон яке аз сармоягузорони ҷоизаи Лоҳутӣ буд ва Толибшоҳи Саидзода, хабарнигори нашрияи «Миллат» ба хотири қазияии додгоҳӣ бо ин вазоратхона аз гирифтани ин ҷоиза худдорӣ кард.

Зимнан, ин ҷоиза соли 1968 таъсис ёфта буд ва ҳамасола “барои беҳтарин журнолистон” иттихоз мешавад.

Вале рӯзи шанбеи гузашта Президент Раҳмон дар суханронии худ дар маросими таҷлил аз Рӯзи матбуъоти тоҷик пешниҳод кард, барои беҳтарин хабарнигорон ҷоизаи давлатии Садриддин Айнӣ таъсис дода шавад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120314_if_press_prize.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *