[b]Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, моддаҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» аз Кодекси ҷиноӣ бардошта шавад.[/b]
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, масъалаҳои марбут ба тӯҳмату таҳқир дар оянда на бар асоси Кодекси ҷиноӣ, балки бар асоси Кодекси шаҳрвандӣ баррасӣ карда хоҳанд шуд. «Мубоҳисаҳо дар атрофи моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки тибқи онҳо рӯзноманигорон барои таҳқиру тӯҳмат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, кайҳо ба ҳама маълуманд… Пешниҳод менамоям, ки моддаҳои вобаста ба таҳқиру тӯҳмат аз қонунгузории ҷиноятӣ ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шаванд»,-таъкид кард раисиҷумҳур.
Вай ба Вазорати адлияи Тоҷикистон супориш дод, санади «кӯч» додани моддаҳои тӯҳмату таҳқир аз Кодекси ҷиноӣ ба Кодекси шаҳрвандиро таҳия карда ва ба ҳукумат пешниҳод намояд.
Президент Раҳмон дар робита ба Интернет ва амнияти иттилоотии кишвар ҳам изҳори назар кард. Ӯ гуфт, “солҳои охир дар сомонаҳои гуногуни интернетӣ бар зидди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон як маъракаи огоҳона ва муғризона идома дорад. Дар чунин шароит масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои сайёра аҳамияти аввалиндараҷа касб намудааст.»
Ба қавли президент, «вақти он расидааст, ки мақомоти қонунгузор, ҳуқуқшиносону рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ дар ин бобат ба таври ҷиддӣ мулоҳиза кунанд.»
Иштироки раисиҷумҳур дар ҷаласаи бахшида ба садсолагии чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» дар пайи даъвати расонаҳо ва Вазорати фарҳанги кишвар сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ба ин ҷаласа бештар сардабирону кормандони нашрияҳои маҳаллӣ ва устодони факултаи рӯзноманигорӣ роҳ ёфта, намояндагони расонаҳои хориҷӣ даъват нашудаанд. Агарчӣ бино ба баъзе хабарҳо, намояндагони расонаҳои Русия дар ин маҳфил иштирок доштаанд.
Ба ин монанд мулоқотро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми декабри соли 2009 бо як гурӯҳи рӯзноманигорон доир карда буд. Гуфта мешавад, пас аз «фирор»-и як қатор иттилоот, аз ҷумла дар бораи Самарқанду Бухоро, ки дар матбуоти Русия ба нашр расид, эътимоди раисҷумҳур ба рӯзноманигорон коста шудааст.
Дар Тоҷикистон пас аз даврони истиқлолият 11-уми март ҳамчун рӯзи матбуоти миллӣ ҷашн мешавад. Соли 1912 дар ин рӯз аввалин нашрияи тоҷикии «Бухорои шариф» дар Бухоро ба нашр расид, ки моҳи январи соли 1913 бо фармони Амир Олимхон баста шуд. Аммо аз замони таҷлили ин ҷашн дар Тоҷикистон, боре ҳам раисҷумҳур дар он ширкат накардааст.
Аммо ин мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо хабарнигорони кишвар дар ҳоле баргузор мешавад, ки расонаҳо аз андози зиёд ва созмонҳои хабарнигорӣ аз фишору маҳдудиятҳо дар кори рӯзноманигорон шикоят доранд.
Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24510884.html