Ду телезивиюни хусусӣ фурӯдгоҳи Хуҷандро ба додгоҳ кашиданд

[b]Шабакаҳои телевизиюни хусусии «Ҷаҳоноро» ва «Азия» аз аъмоли ба гуфтаи онҳо ғайриқонунии кормандони фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба додгоҳ шикоят бурдаанд.[/b]

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъи ин ду шабакаи телевизиюнӣ, рӯзи панҷшанбеи 17 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки шикояти онҳо ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ирсол шудааст.

Дар шикояти Аъзамхон Акбаров ва Маҳмудҷон Дадобоев, руасои шабакаҳои телевизиюнии хусусии «Азия» ва «Ҷаҳоноро», кормандони бахши амниятии фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба нақзи муқаррароти Қонуни асосӣ дар мавриди озодии баён ва дарёфти иттилоъот муттаҳам шудаанд.

Дар додхости онҳо омадааст: «Дар рӯзи 4 марти соли ҷорӣ парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Хуҷанд ба далоили номаълум ба таъвиқ афтод ва хабарнигорони шабакаҳои «Азия» ва «Ҷаҳоноро» ба дархости мусофирон ба фурӯдгоҳ омада ва барои рӯшан кардани иллати таъвиқ талош кардаанд.»

«Аммо кормандони бахши амниятии фурӯдгоҳ ба рӯзноманигорон иҷозаи дидор бо масъулони фурӯдгоҳро надода ва базӯрӣ ва бо корбурди алфози қабеҳ хабарнигоронро аз сохтмони фурӯдгоҳ берун кардаанд.»

Гуфта мешавад, ки хабарнигорони шабакаҳои «Азия» ва «Ҷаҳоноро» дар муддати дуву ним соъат (аз соъати 11:00 то 13:30) натавонистаанд бо масъулони фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд дидор ва иллати таъвиқи парвозро рӯшан кунанд.

Афзун бар ин, кормандони фурӯдгоҳ хабарнигоронро дар ҳузури мусофирон таҳқиру дашном карда ва ба ин тартиб, «обрӯю нуфузи журналистонро (рӯзноманигоронро) паст задаанд.»

Дар ин нома таъкид шудааст, ки бо вуҷуди пахши ин ҳодиса аз тариқи шабакаҳои «Азия» ва «Ҷаҳоноро» ва ирсоли номаи расмӣ ба Маъруф Маҳмудов, мудири кулли фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд, масъулон ба ин ҳодиса ҳеч вокунише накардаанд.

Раисони шабакаҳои телевизиюнии «Азия» ва «Ҷаҳоноро» ин гуна мавзеъгирии масъулони фурӯдгоҳро муғойир бо фармони раиси ҷумҳурӣ дар бораи посух ба интиқодоти расонаҳо ва қавонини Тоҷикистон дар бораи озодии баён ва дарёфти иттилоъот аз манобеъи расмӣ хондаанд.

Дар додхости масъулони ин ду шабакаи хусусӣ ба додгоҳ аз фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд барои «ҷуброни зарари маънавӣ» пардохти 100 ҳазор сомонӣ тақозо шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Людмила Пухова, ёвари мудири кулли фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд гуфт, ки шикояти хабарнигорони шабакаҳои телевизиюни «Азия» ва «Ҷаҳоноро» ба фаъъолияти кормандони бахши амниятии фурӯдгоҳ марбут будааст.

Ба гуфтаи хонуми Пухова, бар асоси муқаррароти фурӯдгоҳ, наворбардорӣ ё аккосӣ дар дохили фурӯдгоҳ бидуни иҷозаи расмӣ мамнӯъ аст. Ӯ гуфт, ки аз ин лиҳоз кормандони амниятӣ онҳоро аз дохили сохтмон берун кардаанд.

Ҳамчунин, Людмила Пухова гуфт, ки хабарнигорон имкон доштанд ба таври мустақим ба Маъруф Маҳмудов, мудири кулли фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд муроҷиъа кунанд.

Ба гуфтаи вай, утоқи кории оқои Маҳмудов дар хориҷ аз фурӯдгоҳ воқеъ буда ва ҳар нафар метавонад бидуни мамонеъат ба ин сохтмон ворид шавад ва бо ӯ дидор кунад.

Ин масъули фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд гуфт, ки масъулони ин фурӯдгоҳ дар ҷаласаи додгоҳ бо далоили қотеъ аз мавзеъи худ дифоъ хоҳанд кард.

«Азия» ва «Ҷаҳоноро» аз шабакаҳои телевизиюнии хусусӣ дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, буда ва мақарри онҳо дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст.

Мардони Мухаммад

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/05/120517_mm_media_court.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *