Додситонӣ шарҳнависони тундлаҳнро меҷӯяд?

[b]Додситонии кулл аз масъулони «Азия-Плюс» хостааст, IP-адреси афродеро ба додситонӣ супорад, ки дар матолиби ин сомона шарҳ менависанд.[/b]

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс» ин хабарро таъйид кард ва афзуд, ҳоло бо ин мавзӯъ ҳуқуқшиносони нашрия сарукор доранд ва тафсилоти бештар дода наметавонанд. «Азия-Плюс» аз сомонаҳои пешгоми Тоҷикистон аст, ки ҳамарӯза ҳаводиси Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад ва аз як сол ба ин сӯ дар сомонаи он хадамоти баҳс низ роҳандозӣ шудааст.

Хонандагони сомона ҳангоми баррасии матни сомона, назарҳои интиқодии худро дар бораи ҳукумати Тоҷикистон ё афроди алоҳида низ ба лаҳни шадид баён мекунанд.

IP ё Internet Protocol нишонаи махсуси ҳар як ройона ё компютер аст, ки ҳангоми васл шудан ба шабакаи ҷаҳонии Интернет муайян мешавад. Дар ҳоли зарурат аз рӯйи чунин нишона метавон дарёфт кард, ки ин ё он шарҳ аз кадом компютер навишта ва фиристода шудааст.

Дар ҳамин ҳол масъулини васоити ахбори омма ин иқдоми додситониро хилофи Қонуни асосии Тоҷикистон хонда ва онро қадаме дар амри маҳдуд кардани озодии баён унвон карданд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ гуфт: «Ба андешаи ман ин амали додситонӣ хилофи модаи 30-юми Қонуни асосӣ аст, зеро ҳар кас ҳуқуқ ба озодии сухан дорад. Дар сурати пайдо кардани IP-адресҳои корбарон, эҳтимоли таъқиб барои танқид аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бештар пайдо мешавад, ки ба маҳдуд шудани озодии баён ва озодии васоити ахбори омма дар Тоҷикистон оварда мерасонад».

Оқои Қаршибоев ба ин назар аст, ки корбарон бо зикри ному насаб ва суроғаи худ метавонанд андешаҳои худро баён доранд, зеро ин ҳуқуқро ба онҳо ҳам қонунгузориҳои миллӣ ва ҳам байналмилалӣ кафолат додааст.

Ин аввалин бор аст, ки додситонӣ дар Тоҷикистон барои шиносоӣ кардани назарнависон дар сайтҳои интернетӣ, муроҷиат кардааст. Аммо дар гузашта чанде аз мансабдорони давлати Тоҷикистон аз лаҳни тунди шарҳу форумҳо дар сомонаҳои интернетӣ шикоят кардаанд. Дар шаҳри баста шудани торнамоҳо дар аввали моҳи март раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров гуфта буд, баъзеҳо Интернетро ба «бозори сиёҳ» табдил додаанд ва бе он ки зери номаҳои худ имзои ҳақиқияшонро гузоранд, чизе дилашон хоҳад менависанд.

Воқеан, дар чанд соли ахир навиштани назару шарҳҳо дар пайи матолиби сайтҳои интернетӣ маъмул шудааст. Бештари корбарони интернет аз дохил ва хориҷи Тоҷикистон бо номҳои мухталиф назари худро дар бораи фаълияти мақомоти давлатӣ ва мушкилоти ҷомеа баён медоранд. Дар ҳоле, ки онҳо имкони баёни андешаҳои худро аз тариқи расонаҳо надоранд.

Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон чанд моҳ пеш зимни як пажӯҳиш муайян карда буд, ки ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар чунин баҳсу форумҳои интернетӣ ва одати навиштани андеша дар ҳошияи матолиб сатҳи озодии баёнро дар кишвар ба маротиб густариш додааст ва махсусан ҷавонон дар изҳори ақидаи худ ҷасуртар ва озодтар шудаанд. Ҳамзамон дар бархе аз шарҳу номаҳо зиёдаравӣ ва нақзи ҳуқуқи дигарон, таҳқиру тавҳин низ афзоиш ёфтааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24544322.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *