[b]Додситонӣ хостори панҷ соли маҳкумияти Урунбой Усмонов, хабарнигорӣ Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон ва афви вай шудааст.[/b]
Назирҷон Абдураҳимов, намояндаи додситонии вилояти Суғд рӯзи чаҳоршанбеи 21 сентябр дар ҷаласаи додгоҳ аз қозии ин парванда хост, ки ин хабарнигор дар нақзи қавонини ин кишвар муҷрим дониста шавад.
Вале, вакилони мудофеъи оқои Усмонов дар суханронии худ куллия иттиҳомотро алайҳи муваккилашон “бепоя ва ғайриқонунӣ” дониста, хостори табраъа шудани оқои Усмонов шуданд.
Гуфта мешавад, ки муҳокимаи додгоҳии Урунбой Усмонов ба марҳилаи ниҳоӣ расида ва эҳтимол дорад фардо ҳукми додгоҳ дар робита ба ин парвандаи эълом шавад.
Оқои Усмонов 13 июни соли ҷорӣ аз сӯйи маъмурони амниятӣ дар шимоли Тоҷикистон боздошт шуд. Мақомоти амниятӣ нахуст ӯро дар иртибот бо Ҳизби Таҳрир муттаҳам карда буданд. Вай рӯзи 14 июл пас аз як моҳи боздошт таҳти шароити «берун нарафтан аз маҳалли зист» озод шуд.
Дар ниҳоят, ниҳодҳои амниятӣ ва додситонӣ Урунбой Ссмоновро расман дар «мушорикат дар фаъолияти созмонҳо ва аҳзобе, ки дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми додгоҳ мамнуъ ҳастанд» ва дар «мусоъидат ба фаъолияти гурӯҳи ҷиноӣ» муттаҳам карданд.
Вакилони мудофеъи оқои Усмонов дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи додгоҳ ҳамаи ин иттиҳомотро рад карда ва гуфтанд, ки фаъолияти хабарнигории муввакилашон боъиси чунин иттиҳомот шудааст.
Ба гуфтаи Файзиниссо Воҳидова, яке аз вакилони оқои Усмонов, “тамоми далоили бозрасони ин парванда аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст омадааст.” Ба ин далел, вай хост, ки Эраҷ Давлатов, масъули бахши амниятии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки Урунбой Усмоновро боздошт кардааст, “ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.”
Абдуқаюм Юсупов, вакили мудофеъи дигари оқои Усмонов, дар ҷаласаи додгоҳ ҳамчунин хост, ки алайҳи Хуршед Досов, раҳбари гурӯҳи бозрасони бахши кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Саидмуҳиддин Саидов, бозраси ин парванда, “таъйиноти махсус бароварда шавад.”
Зеро, ба эътиқои оқои Юсупов, ин ду маъмури амниятӣ аз нақзи ҳуқуқи Урунбой Усмонов ҷилавгирӣ накардаанд.
Файзиниссо Воҳидова гуфтааст, ки “тамоми далоиле, ки бозрасон ҷамъовари кардаанд, эътибори қонунӣ надоранд.» Зеро, ба гуфтаи вай, ин далоил бо истифода аз шиканҷа ба даст оварда шудаанд ва тибқи қавонин, додгоҳ наметавонад ба онҳо эътимод дошта бошад.
Зимнан, худи Урунбой Усмонов дар ҷаласаи додгоҳ эълом карда буд, ки дар нахустин рӯзи боздошташ мавриди шиканҷа қарор гирифта ва ночор шудааст алайҳи худ баёнот диҳад.
Хонум Воҳидова афзудааст, ки гузашта аз ин, дар рӯзҳои нахустини боздошт оқои Усмонов вакили мудофеъ надошт ва “аризаи радди вакил низ бояд дар ҳузури худи вакил навишта мешуд, ки ин тавр нашуд ва ин амр низ муғойир ба қавонини Тоҷикистон аст.”
Файзиниссо Воҳидова дар додгоҳ ҳамчунин гуфт, ки “азназаргузаронии манзили оқои Усмонов ғайриқонунӣ анҷом шудааст, зеро, Эраҷ Давлатов, масъули амниятии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз салоҳияти таҳияи санади азназаргузаронӣ бархурдор нест.”
Ин вакили мудофеъ ҳамчунин салоҳияти мутахассиси компутариро, ки компутари оқои Усмоновро бозрасӣ кардааст, зери суол бурдааст. Вай афзхуд: “Ба ин далел, иттиҳомоте, ки бар пояи далоили аз компутар пайдошуда, ироа мешаванд, ботил ҳастанд.”
Ин дар ҳолест, ки маъмурони амниятӣ гуфтанд, ки маводди аз компутари оқои Усмонов дарёфтшударо мавриди бозрасии “як ҳайъати экспертизаи сиёсӣ-адабӣ” бо шумули устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд қарор додаанд.
Вале вакилони мудофеъ салоҳияти ин ҳайъатро низ зери суол бурданд, зеро “дар байни ин афрод ҳатто як нафар сиёсатшинос набуда ва баръакс як устоди фанни риёзӣ будааст.”
Аз сӯйи дигар, вакилони мудофеъ ошкор сохтаанд, ки як эътирофоти Урунбой Усмонов 14 июл аз сӯйи бозрасони амниятӣ ба парвандаи ҷиноӣ изофа шудааст, ҳарчанд он замон парванда дар баррасии додситонӣ қарор доштааст.
Ба гуфтаи Файзиниссо Воҳидова, ин амр ғайриқонунӣ аст, зеро додситонӣ дар сурати дарёфти иттилоъи ҷадид, муваззаф буд, ки парвандаро барои “таҳқиқи изофӣ” ба ниҳодҳои амниятӣ бозмегардонд.
Дар ҳамин ҳол, додситонӣ аз додгоҳ алайҳи чаҳор нафари дигар дар ин парванда, ки дар узвият ба Ҳизби таҳрир муттаҳам шудаанд 23 ва 25 соли зиндонро тақозо кардааст.
Ду нафар аз ин афрод дар додгоҳ гуфтанд, ки ҳеҷ гоҳ узви Ҳизби таҳрир набудаанд ва иттиҳомоти алайҳи худро радд кардаанд. Аз миёни ин чаҳор нафар танҳо як фарди мазнун вакили мудофеъ дошта ва дигарон аз кӯмакҳои ҳуқуқӣ бархурдор нестанд.
Би-би-си
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110921_if_urunbay_usmonov.shtml