[b]Ҳарчанд давлати Бритониё аз афв шудани хабарнигори Би-би-сӣ дар вилояти Суғд истиқбол мекунад, вале дар заминаи ин, ки додгоҳ ӯро муҷрим шинохт, «тардидҳо дорад.»[/b]
Ин суханонро Девид Лингтон, раиси бахши Урупои вазорати хориҷаи Бритониё дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ алайҳи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт.
Ин мақоми давлати Бритониё гуфт: “Мо аз ин, ки хабарнигори маҳаллии Би-би-сӣ афв шудааст, истиқбол мекунем. Зеро акнун оқои Усмонов як шаҳрванди озод аст. Аммо мо дар бораи муҷрим шинохта шудани ӯ аз сӯйи додгоҳ ва ҳукми додгоҳ алайҳи ӯ сахт тардид дорем.”
Вай афзуд: “Мо ҳамчунин дар мавриди наҳваи баргузории муҳокимаи додгоҳ, тардидҳо дорем.”
Оқои Лингтон гуфт, давлати Бритониё аз теъдоди муҳокимаҳои додгоҳии хабарнигорон дар робита ба мавзӯъи “латма ба шаъну шараф”, ки аҳёнан метавонанд, боъиси зиндонӣ шудани онҳо шаванд, нигарон боқӣ мемонад.
Оқои Лингтон дар изҳороташ гуфт: “Озодии баён бояд дар меҳвари ҳар кишвари демукротик бошад. Мо аз давлати Тоҷикистон мехоҳем, ки усулҳои рӯзноманигории байналмилалиро бипазирад.”
“Рӯзноманигорон бояд бим аз таъқиб ва маҳкумият ба зиндон, фаъолияти худро анҷом дода таваонанд.
Рӯзи 14-уми октябр додгоҳи Суғд Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар ин вилоятро дар «иртибот бо ифротгароёни исломӣ» муҷрим шинохта ва ӯро барои се сол маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ ҳамзамон ӯро тибқи қонуни афв аз иҷрои ин ҷазо маъоф кард.
Пас аз зӯҳри ҳамин рӯз додгоҳи шаҳри Табошар Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори маҳаллии ноҳияи Аштро ба пардохти беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум кардааст.
Ин хабарнигори нашрияи маҳаллии «Нури Зиндагӣ» дар «тавҳин, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» муттаҳам шуда буд ва то баргузории муҳокимаи додгоҳ, беш аз 11 моҳ дар боздоштгоҳ ба сар бурдааст. Ба ин хотир додгоҳ тасмим гирифтааст, ки аз ҷаримаи 52 ҳазорсомонии ӯ 17 ҳазор кам карда шавад.
Вай пас аз эъломи ҳукми додгоҳ аз толори додгоҳ озод шуд.
[b]“Додгоҳҳои намоишӣ”[/b]
Рӯзноманигорони Бидуни Марз рӯзи 14-уми октябр пас аз ин, ки додгоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон ду рӯзноманигорро дар мавориди мухталиф муҷрим шинохта ва алайҳи онҳо ҳукм баровардаанд, нигаронии худро баён кард.
Дар баёнияи ин ниҳоди дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон мехонем: “Мо аз ин ки Маҳмадюсуф Исмоъилов, ки тақрибан як сол, бидуни таваҷҷӯҳ ба вазъи саломаташ дар боздошт ба сар бурд, билохира озод шуд.”
Аммо баёния меафзояд: “Бо ин вуҷуд, ҳукми додгоҳҳо ҳам алайҳи ӯ ва ҳам алайҳи Урунбой Усмонов ғайри қобили қабул ҳастанд. Ин ду рӯзноманигор аллакай барои мустақилияти худ қимати хеле боло пардохтаанд. Онҳо бояд табраъа мешуданд ва ба онҳо ҳатто ҷубронпулӣ бояд дода мешуд.”
“Ба ин хотир мо аз тасмими онҳо дар бораи шикоят ба додгоҳи олӣ комилан пуштибонӣ мекунем.”
Созмони Рӯзноманигорони Бидуни Марз ҳамчунин навиштааст, ки “фишорҳои байналмилалӣ дар заминаи рафтор бо ин ду хабарнигор муассир будаанд, вале маҳкумияти онҳо аз сӯйи додгоҳҳо қасди таҳдид ба рӯзноманигорони дигар дар Тоҷикистонро дорад.”
“Системи қазоӣ талош кард, обрӯйи худро наҷот бидиҳад. Аммо додгоҳҳои намоишӣ натавонистанд, истиқлолияти додгоҳро нишон бидиҳанд.”
Созмони Рӯзноманигорони Бидуни Марз Тоҷикистонро дар миёни 178 кишвари ҷаҳон дар феҳристи озодии баён дар ҷойи 115 қарор додааст.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111015_sq_media_reaction_urunboy.shtml