[b]Додгоҳи вилояти Суғд Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар Хуҷандро рӯзи 14-уми октябри соли ҷорӣ дар иртибот бо тарафдорони Ҳизби таҳрир, як созмони мазҳабии мамнуъ муҷрим шинохта ва ӯро барои се сол маҳкум ба зиндон карда ва тибқи Қонуни афв аз иҷрои ин ҷазо муъоф карда буд.[/b]
Вале Ӯрунбой Усмонов ҳукми додгоҳро «ғайриодилона» унвон кард ва вакилони мудофеъи вай бо дархости табраъа шудани комили муваккилашон ба додгоҳи олӣ муроҷеъат карданд.
Аммо додгоҳи олии Тоҷикистон ин ҳукмро дуруст хонд. Абдуқаюм Юсупов, вакили мудофеъ Урунбой Усмонов гуфт, ки ҳукми додгоҳи истинофиро барои таҷдиди назар ба додгоҳи назоратии Додгоҳи олӣ ирсол хоҳад кард.
Вай гуфт: «Агар дар инҷо низ Урунбой Усмонов табраъа нашавад, мо ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони миллали муттаҳид муроҷеъат хоҳем кард.»
Оқои Усмонов бидуни тағйир боқӣ гузоштани ҳукми додгоҳи вилояти Суғдро «ғайримунсифона» хонда ва бори дигар таъкид кард, ки ӯ бегуноҳ аст ва барои анҷоми фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум шудааст.
Қаблан давлати Бритониё зимни истиқбол аз афв шудани хабарнигори Би-би-сӣ гуфта буд, дар заминаи ин, ки додгоҳ ӯро муҷрим шинохт, «тардидҳо дорад.»
Он замон Би-би-сӣ бо судури як баёния иброз дошт, ки ҳеҷ гуна шавоҳиде барои таъйиди иртикоби тахаллуфе аз сӯи оқои Усмонов дар ҷараёни додгоҳ пайдо нашудааст ва танҳо табраъаи комил ва бидуни маҳкумияти ин хабарнигор қобили қабул хоҳад буд.
Би-би-сӣ гуфта буд, ки аз ин хабарнигори худ, ки «мехоҳад ба додгоҳи таҷдиди назар барои дифоъ аз ҳайсият ва обрӯи худ шикоят бубарад» тарафдорӣ хоҳад кард.
Дар ҷаласаи додгоҳи истинофии Урунбой Усмонов сафири Бритониё дар Душанбе, раиси намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон ва раиси бахши озодии матбуъоти ин созмон ширкат доранд.
Ӯрунбой Усмонов 13 июни соли ҷорӣ аз сӯйи маъмурони амниятӣ дар шимоли Тоҷикистон боздошт шуд. Мақомоти амниятӣ ӯро дар иртибот бо Ҳизби Таҳрир муттаҳам карда буданд. Вай рӯзи 14 июл пас аз як моҳи боздошт ба дунболи дархостҳои байналмилалӣ таҳти шароити «берун нарафтан аз маҳалли зист» озод шуда буд.
Ҳизби Таҳрир, ки идаи бунёди хилофати исломиро дар минтақа дар барномаи худ ҷо додааст, аз суи ҳукуматҳои секулори кишварҳои Осиёи Миёна шомили феҳристи созмонҳои ифротӣ шуда ва мамнуъ эълом шудааст.
Дар ҷараёни муҳоқимаи додгоҳӣ оқои Усмонов ба қозии парванда гуфта буд, ки пас аз боздошташ дар рӯзи 13-уми июн дар боздоштгоҳ шиканҷа шудааст, аз ҷумла мавриди зарбу шатм қарор гирифта ва маъмурини амниятӣ ӯро маҷбур кардаанд, то эътирофотеро имзо кунад, ки барояш қироъат шуда буд.
Вакилони мудофеъи оқои Усмонов низ тамоми далоилеро, ки бозрасон ҷамъоварӣ кардаанд, «берун аз эътибори қонунӣ» хондаанд, зеро ба гуфтаи онҳо «ин далоил бо истифода аз шиканҷа ва бо нақзи муқаррароти тафтишу таҳқиқ ба даст оварда шудаанд.»
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/11/111128_mm_usmanov.shtml