Имрӯз, 24-уми сентябр, дар нахустин мулоқоти додгоҳии масъулини нашрияи “Самак” бо намояндагони шоир, Аскар Ҳаким, додрас аз Аскар Ҳаким 1050 сомонӣ боҷи давлатӣ талаб намудааст.
Аскар Ҳаким, раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, рӯзи 6-уми июн аз болои нашрияи “Самак” ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикоят бурда, 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб намудааст. Ба гуфти Аскар Ҳаким ин нашрия матлабе, бо унвони “Зиёиёни бемушкили тоҷик”-ро 21-уми марти соли 2013 чоп карда, ба таҳқиру туҳмат ва паст задани шаъну шарафи ӯ роҳ додааст.
Аммо Иноят Иноятов, вакили мудофеи нашрияи “Самак”, даъвои шоир, Аскар Ҳакимро барои рӯёнидани 150 ҳазор сомонӣ аз ин нашрияро беасос дониста буд.
Иноятов ба “Озодагон” гуфта буд, ки “даъвои шоир Аскар Ҳаким барои маҳдуд кардани озодии сухан нигаронида шудааст. Мақолаи “Зиёиёни бе мушкили тоҷик” мақолаи таҳлилӣ-танқидӣ буда, дар он ягон иттилооти бардурӯғ ва пастзанандаи шаъну шараф вуҷуд надорад ва нашри он ба даъвогар ягон намуд зарари маънавӣ нарасондааст.”