Бино ба гуфти муассисони ин ҳафтанома, ҳадафи аслии таъсиси он нашри матолиби таҳлилӣ ва иттилоотӣ дар бахши забон, адабиёт ва фарҳанги форсӣ аст.
Исфандиёри Назар, сармуҳаррири нашрияи “Дишидак” мегӯяд, таъсиси нашрияе дар замина тарғибу ташвиқ ва баррасии масоили фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ, ба маънои рақобат ба нашрияҳои дигар, аз ҷумла “Адабиёт ва Санъат” нест: «Балки “Дишидак” омодааст, аз таҷрибаи тӯлонии онҳо омӯзад. Имрӯз мардуми Тоҷикистон хеле бештар ба матолиби ҳунарӣ ва адабӣ ниёз доранд. Мо бояд ба ниёзи мардуме, ки тайи 70 соли шӯравӣ адабиётхон буданд ва имрӯз нашрияҳое ба онҳо қиссаҳои бофтаро пешкаш мекунанд, бирасем. Мо омодаем, ки матолиби наву тоза, ҷиддӣ ва ҷолиби таваҷҷӯҳ бештар интишор бидиҳем”.
Манбаъ афзуд, мо тасмим дорем, дар қиёс ва тафовут ба дигар нашрияҳо дар ҳар шумораи ҳафтанома як саҳифаро ба «карикатура» бахшем. Ба замми ин, ҳайати эҷодӣ қасд дорад матолиби муҳаққиқони Эрону Афғонистонро низ дар сафаҳоти худ ба нашр бирасонад.
PS: “Дишидак”, калимаи форсии қадимӣ буда, маънои “бомак”-ро дорад. Дар кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон низ маҳалле бо номи “дишидак” мавҷуд аст ва он дар баландие қарор дорад ва аз баландии он манотиқи атроф ва роҳҳо ба хубӣ дида мешаванд.
http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/7804-2013-02-07-03-01-25