Директори «Ховар» сафир дар Арабистони Саудӣ таъин шуд

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори дипломатии ҷумҳурӣ як тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони президент сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар малайзия Музаффар Ҳусейнов аз вазифааш озод карда гардида, муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ таъин шуд.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш Қосимӣ Заробиддин, директори АМИТ «Ховар» аз вазифааш озод карда шуда, бо фармони президент сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъин карда шуд.

Ҳамчунин бо фармони президенти мамлакат сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ҳамзамон сафири кишвар дар Арманистон таъин гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Зоҳир Саидов ҳамзамон сафири ҷумҳурӣ дар Гурҷистон таъин карда шуд.

 

http://news.tj/tj/news/direktori-khovar-safir-dar-arabistoni-saud-tain-shud

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *