Директори нави «Ховар»: Фаврият кам буд

Заробуддин Қосимӣ, директории тозатаъини АМИТ «Ховар» дар сӯҳбат ба Faraj.tj гуфт, ки ягона камбудии ин агентиӣ надоштани фаврият ба ҳисоб меравад.

Директори АМИТ «Ховар» дар идома ҳамчунин афзуд, ки қаблан яке аз хонандаҳои фаъоли он будааст ва камбудиҳоро аз дур мушоҳида мекардааст.

Ба гуфтаи Қосимӣ, аввалин мақсаду нақшае, ки ӯ дар назди худ гузоштааст, бояд хабарҳои дохиливу хориҷӣ ба таври фаврӣ ва аввал бояд дар агентӣ нашр шаванд. Зеро, ба қавли ӯ, ин дастуру амри раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Директори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки роҳбарият ва ҳайати кормандони агентӣ дар робита ба супоришҳои сарвари давлат тамоми имконоти мавҷударо истифода намуда, фаврият, саҳеҳият ва ҷаззобияти иттилоотро бояд таъмин намоянд. Ҳамчунин, барои дар сатҳи олӣ кор кардани хабарнигорон ва аҳли эҷодӣ ӯ тағйироти кадрӣ ва техникӣ мегузаронад. Ва мақсади ӯ танҳо ба касбият афзалият додан асту халос.

Маҳз барои ба ин мақсадҳо расидан дар байни аҳли эҷод корҳои ҳавасмандкунӣ хоҳанд гузаронид, ки яке аз онҳо бештар кардани ҳаққи қалам ба шумор меравад.

Директори АМИТ «Ховар» ҳамчунин дар идома гуфт, ки бо назардошти имконот, дар рӯзҳои истироҳатӣ низ бояд хабарҳои тоза ба таври фаврӣ пахш карда шаванд. Ва бештар ба маводи таҳлиливу мавзӯъҳои муҳими ҷомеа бояд таваҷҷӯҳ кард: «Омӯзиши афкори ҷомеа бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як рӯзноманигор бошад. Ва ман афзалиятро бештар ба касбият хоҳам дод».

Қобил ба зикр аст, ки 19-уми уми июни соли 2015 бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат Шамсуддинзода С. З. аз мақоми директори АМИТ «Ховар» озод ва ба мақоми муовини Кумитаи радио ва телевизион таъйин шуда, ба ҷойи ӯ Заробуддин Қосимӣ директори АМИТ «Ховар» таъйин гардид.

 

http://faraj.tj/news/9699-direktori-navi-hovar-favriyat-kam-bud.html#sel=

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *