Роҳбарони баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи журналистон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷангиёни тоҷики гурӯҳи «Давлати исломӣ» ё ДИИШ-и собиқ ба шаш хабарнигори кишвар таҳдид кардаанд.
Онҳо гуфтаанд, аз шеваи бозтоби ҳузури тоҷикон дар ҷангҳои Ироқу Сурия дар нашрияву телевизионҳои Тоҷикистон норозиянд.
Нуриддин Қаршибоев – раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ё НАНСМИТ мегӯяд, ки хабарнигорони нашрияҳои маҳаллӣ, ТВ-и давлатӣ ва расонаҳои хориҷии мустақар дар Тоҷикистон аз ҷонибдорони гурӯҳи «Давлати исломӣ» зангҳои телефонӣ ва паёмҳои таҳдидомез гирифтаанд. Ба қавли ӯ, «маводи рӯзноманигорон асосан таҳлилӣ ва мухолифи андешаҳои ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» будаанд. Ҷалолиддин Садриддинов, сардори маркази матбуоти ВКД гуфт, ки то ба имрӯз ба ин ниҳод ба ҷуз аз Аҳмади Иброҳим дигар ҳеч кадом аз хабарнигорони таҳдидшуда шикояте набурдаанд. “