Дидори тозаи масъулони Би-би-сӣ бо Урунбой Усмонов

[b]Намояндагони шабакаи хабарии Би-би-сӣ барои дувумин бор дар идораи амнияти вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, бо Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи ин шабака, мулоқот кардаанд.[/b]

Ин бор мулоқоти оқои Усмонов бо Исфандиёри Одина, раиси дафтари намояндагии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон ва Алан Куортли, раиси бахши Осиёи Ҷанубии Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъаи 8 июл дар ҳузури маъмурони амниятӣ тақрибан як соъат идома дошт.

Ин ду намояндаи Би-би-сӣ ҳамчунин бо раиси раёсати кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд низ дидор ва масоили марбут ба қазияи боздошти оқои Усмоновро баррасӣ кардаанд.

Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ мегӯяд, ки аз иқдоми давлати Тоҷикистон барои фароҳам сохтани шароити дидори масъулони ин шабака бо Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи худ, истиқбол мекунад.

Намояндагони Би-би-сӣ аз ироаи ҷузъиёти ин дидори тақрибан яксоъата худдорӣ карданд, вале оқои Одина мегӯяд, ки вазъияти равонии Урунбой Усмонов ҳамчунон нигаронкунанда аст.

Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни мулоқот ҳамаи талоши оқои Усмонов бар ин будааст, ки собит кунад, ки ӯ бо Ҳизби Таҳрир ҳеч иртиботе надорад ва иттиҳоми узвият ё иртиботи ӯ бо ин гурӯҳ бепоя аст.

Вале оқои Усмонов афзудааст, ки ба ҳайси як табаъаи Тоҷикистон хабар надодан ба мақомоти марбута дар бораи дидору мулоқоташ бо аъзои эҳтимолии ин гурӯҳро як навъ «иштибоҳ» медонад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, як рӯзноманигор муваззаф аст манобеъи хабарии худро пинҳон дорад ва ин асл дар қонуни матбуъот ва муқаррароти сабти номи хабарнигорон дар Тоҷикистон низ зикр шудааст.

Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13-уми моҳи гузашта нопадид шуд ва танҳо пас аз як рӯз хонаводааш аз боздошти ӯ ба занни иртибот бо Ҳизби Таҳрир, як гурӯҳи исломгарои мамнӯъ дар Тоҷикистон, дарак ёфтанд.

Худи оқои Усмонов, аҳли хонаводаи ӯ ва шабакаи хабарии Би-би-сӣ ин иттиҳомро бепоя мехонанд.

Аҳли хонаводаи Урунбой Усмонов ва масъулони Би-би-сӣ мегӯянд, ки аз вазъи саломати вай башиддат нигаронанд ва идомаи боздошти ӯ мумкин аст бар вазъияти саломатии вай асароти манфӣ барҷой гузорад.

Вале мақомҳои амниятии Тоҷикистон мегӯянд, ки оқои Усмонов дар боздоштгоҳ аз хадамоти беҳдоштӣ бархурдор буда ва ахиран як асабшиноси маҳаллӣ ӯро муъояна кардааст.

Чанде аз созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, аз боздошти хабарнигори Би-би-сӣ ибрози нигаронӣ карда ва хостори озодии фаврии ӯ шудаанд.

Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ низ бо интишори ду баёния иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Усмоновро рад карда ва аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки ӯро фавран озод кунад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон итминон додаанд, ки таҳқиқ ва баррасии ин қазия ба таври мунсифона ва мутобиқи қонун анҷом хоҳад шуд.

Зинан, хабарнигорон ва мудирони Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ тасмим гирифтаанд ҳар рӯзи чаҳоршанбе то замони озодии оқои Усмонов ҳамоишҳое ба нишони ҳамбастагӣ бо ӯ дар Ландан доир кунанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110709_ea_sq_urunbay_meeting.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *