«Демократия»-и тоҷик соҳиби ҷоиза шуд

[b]Рассом ва хабарнигори тоҷик Фаррух Аҳроров дар озмуни ҷаҳонии карикатуранигорӣ пирӯз шуд.[/b]

Ин карикатураи рассоми тоҷик моҳе қабл дар қатори 30 асари беҳтарин аз сӯи ҳайати доварони озмун интихоб гардида ва барои раъйдиҳии мардум дар шабакаи Интернет гузошта шуд.

Дар пайи раъйдиҳии корбарони интернет дар ҷаҳон асари карикатурии намояндаи Тоҷикистон дар бахши «Демократия» ҷоизаи дуюмро соҳиб гашт. Фаррух Аҳроров аз миёни намояндагони кишварҳои Шӯравии пешин, ки дар ин озмун довталабӣ мекарданд, танҳо нафарест, ки соҳиби ҷоиза шудааст.

Ин озмунро созмони «Сenter for International Рrivate Enterprise» (Маркази байнулмилалии соҳибкории хусусии Амрико) баргузор намуд, ки ба он 1000 асари рассомон аз 73 кишвари ҷаҳон ворид шуда буд.

Фаррух Аҳроров дар як суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки «мунтазир набудам карикатураи ман миёни беҳтаринҳо ҷой мегирад. Чун овоздиҳӣ ва тасмими ниҳоӣ ба дасти корбарони интернет буд. Дар Тоҷикистон дастрасии сокинон дар муқоиса ба кишварҳои пешрафта камтар аст ва фикр мекардам, теъдоди маҳдуди сокинони мо ба саҳифаи маркази мазкур сар мезананд. Бароям муҳимтар он буд, ки бо истифода аз ин маврид асари худро ба тамошои ҳаводорони карикатура гузорам. Ҳоло шодам, ки шабакаи ҷаҳонӣ барои рушди карикатуранигорӣ, ки дар кишвари мо ва бисёр кишварҳои пасошӯравӣ аз равнақ афтодааст, майдони фарохи рушд фароҳам меорад ва ин маро ба машғул шудан ба карикатурнигорӣ дилгарм месозад.»

Ин хабарнигор ва рассоми тоҷик соли гузашта низ филми «Аз намоз то намоз» пиромуни зиндагӣ ва кори мусулмонони Амрикоро ба навор гирифта буд.

Оқои Аҳроров он вақт дар як сӯҳбаташ ба «Озодӣ» гуфта буд, ки мӯҳтаво ва сужаи филми «Аз намоз то намоз» аслан аз таъсири ҳодисаи 11 сентябр ба зиндагӣ ва ҳуқуқи мусалмонони Амрико ва ҳамзамон муносибати намояндагони динҳои дигар ба ислом ва мусулмонон иборат аст.

Фаррух Аҳроров дар маҳофили Хуҷанд бештар ҳамчун раҳбари созмони ҷамъиятии «MGM», ки дар самтҳои ислоҳоти демократӣ фаъолият мебарад, шинохта шудааст. Ӯ муддате вазифаи сардабирии нашрияи «Согдийская правда»-ро низ бар дӯш дошт. Оқои Аҳроров хатмкардаи факултаи рассомист.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24420040.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *