Дидбони Ҳуқуқи Башар гузориши ҷадиди худро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон интишор додааст.
Дар ин гузориш аз ҷумла таъкид шудааст, ки “бо вуҷуди бархе аз пешрафтҳои кучак, давлати Тоҷикистон нақзи ҳуқуқи башарро дар арсаҳои мухалиф, аз интихобот ва озодии расонаҳо сар карда, то озодиҳои мазҳабӣ идома медиҳад.”
Дар ин гузориш аз ҷумла ташдиди фишори давлат бар озодиҳои расонаҳо, ба хусус дар остонаи интихоботи порлумонии соли гузашта дар Тоҷикистон барҷаста мунъакис шудааст.
Ҳамчунин омадааст: “Дар соли 2010 дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор шуд, ки дорои тақаллуб буд ва бо пирӯзии комили ҳизби ҳоким анҷомид, ки фармонравоии президент Раҳмонро, ки тайи 20 соли охир ҳукумат мекунад, устувор кард.”
[b]Интиқод аз ҷомеъаи байналмилалӣ[/b]
Дидабони Ҳуқуқи Башар аз ин ки созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба мушкилоти марбут ба ҳуқуқи башар таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намекунанд ишора кардааст.
Ин созмон менависад, ки Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон густариши ҳамкориҳо ва афзоиши нуфузи худро дар кишвар аз аҳдофи аслии худ мехонад.
Вале гузориш меафзояд: “Дар ин миён онҳо (ИУ) дар баробари хушунат ва озор садо баланд намекунанд. Ба назар мерасад, ки фаъолияти ин созмон дар заминаи масоили ҳуқуқи башар танҳо бо баргузории як диолуге дар сатҳи поин, дар соле як маротиба маҳдуд мешавад.”
Муъаллифони гузориш таъкид кардаанд, ки ҳарчанд Сандуқи кӯдакони СММ тасвиби чанд қонуни муҳим барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистонро сутудааст, аммо “санадҳои мавҷуд аз он ҳокӣ ҳастанд, ки дар воқеъият василаи кофӣ барои таъмини амнияти кӯдакон дар баробари озору хушунат дар ҳамаи паҳлӯҳои зиндагӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.»
[b]“Хушунати бидуни муҷозот”[/b]
Яке дигар аз нукоти мавриди таваҷҷӯҳи вижаи гузориши имсолаи ин созмони ҷаҳонӣ вазъи риққатбори занони тоҷик аст.
Гузориш ҳушдор медиҳад, ки “дар ҷомеъаи ин кишвар хушунати хонаводагӣ алайҳи занон ҳукмфармо аст.”
Муаллифони он бо истинод ба Созмони Авфи Байналмилал менависанд, ки аз се як то нисфи занони тоҷик хушунати ҷисмонӣ, равонӣ ё ҷинсӣ аз тарафи шавҳарон ва ё аъзои хонаводаашон таҳаммул мекунанд.
Дидабони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ба далели дастрасии маҳсури занони тоҷик ба додгоҳҳо ва ин ки пулиси тоҷик маъмулан худи занонро дар қазоёъи хонаводагӣ гунаҳкор маҳсуб медонанд, “афрод тақрибан бидуни муҷозот занонро озор медиҳанд.”
[b]Системи қазоии ғайримуассир[/b]
Дидабони Ҳуқуқи Башар додгоҳҳои Тоҷикистонро “ғайримустақил ва ғайримуассир” хондааст.
Дар гузориш омадааст, ки дар Тоҷикистон раванди сиёсизада шудани системи қазоӣ мушоҳида мешавад. Гузориш дар ин замина ба қазияи Неъматуллоҳ Ботақозиев, фаъоли ҳуқуқи башари қирғиз, ки аз Тоҷикистон дархости паноҳандагӣ карда буд, ишора мекунад.
Дар гузориш мехонем, ки ин фаъоли ҳуқуқи башар ҳудуди як моҳ бидуни иртибот бо хонавода ва вакили мудофеъ дар боздошт қарор дошт ва дертар маълум шуд, ки ӯ дар боздошт аст ва мавриди шиканҷа низ қарор гирифта буд.
Гузориш меафзояд, ки дертар мақомоти Тоҷикистон оқои Ботақозиевро ба Қирғизистон истирдод карданд ва дар онҷо ба ӯ ҳушдор дода шуд, ки аз фаъолият дар заминаи ҳуқуқи башар даст кашад.
[b]»Қонуни саркӯбкунандаи дин ба иҷро даромад»[/b]
Мавзӯъи дигари мавриди нигаронии Дидабони Ҳуқуқи Башар ин аст, ки дар Тоҷикистон “қонуне саркӯбкунанда, ки кунтрули давлатро бар фаъолиятҳои мазҳабӣ бештар кардааст” ба иҷро даромадааст.
Таъкид шудааст, ки акнун давлати Тоҷикистон худ мушаххас мекунад, ки оё дар куҷо масоҷид бояд бунёд шаванд ва дар заминаи адабиёти мазҳабӣ, ки дар кишвар ба фурӯш мерасад назорати комил дорад.
Дар гузориш мехонем: “давлати Тоҷикистон таҳти шиъори мубориза бо терурисм фаъолияти чандин созмони сулҳомиези исломӣ дар ин кишварро мамнӯъ эълом карда ва нагузоштааст бархе аз мазоҳиби масеҳӣ, аз ҷумла Шоҳидони Яҳуво фаъолияти худро дар ин кишвар аз сар бигиранд.”
Ин гузориш дар бораи даргириҳои миёни нерӯҳои ҳукумат ва шӯришиёни исломӣ дар водии Рашт ва ҷустуҷӯи зиндониёни фирорӣ низ ибрози назар кардааст.
Дар он мехонем, “хушунатҳое, ки дар водии Рашт рух дод, нахустин даргирии умда миёни нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён дар даҳ соли охир буд, ки нигарониҳоро дар заминаи субот дар кишвар ба вуҷуд меорад.”
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/01/110124_sq_hrw_tajikistan.shtml