Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои журналистони вилояти Хатлон давраи омӯзишии дурӯзаро дар мавзуи амнияти рақамӣ баргузор кард.
Дар давраи омӯзишӣ хабарнигорони ҷавон аз радио, телевизион, ҳафтаномаҳо намояндагони расонаҳои дигар дар вилоят ва донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигории донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Қурғонтеппа иштирок намуданд.
Хабарнигорони ҷавон, ки бештар аз технологияи замонавӣ дар кори хабарнигорияшон истифода мекунанд, гуфтанд, ки ба онҳо омӯзиши ин мавзуъ хело муфид буда, дар корашон истифода мекунанд.
Фарзонаи Маҳмадулло, хабарнигор аз радиои вилояти Хатлон гуфт, ки ин аввалин давраи омӯзиши дар мавзуи амнияти рақами буд, ки гузаштааст ва барои ӯ насб шудани барномаҳои зидди вирусҳо писанд омадааст.
Зимнан ин аввалин давраи омӯзишӣ дар мавзуи амнияти рақами набуда, хабарнигорон аз Хатлон дар ин мавзуъ даврахои омӯзиширо пушти сар карда будааанд.
Хабарнигори шабакаи мониторинги АМВАОМТ.