Ба иттилои манбаъ нашрияи «Самак» аз қавли Абдуллоев навиштааст, ки Раҳматулло Саъдуллоев худро президенти Хатлон гуфтааст ва ин боиси норозигии Саъдуллоев гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Муҳибулло Саъдуллоев, яке аз бародарон Саъдуллоевҳо бо Бурҳон Абдуллоев барои бозори “Ином”-и Шаҳритус кашмакаши додгоҳӣ доштанд, ки бо боздошти Бурҳон Абдуллоев анҷом ёфт.
Ба иттилои мақмомот феълан алайҳи Ризвонов Ҳошимҷон ва Бурҳон Абдуллоев бо моддаи 32 қисми 3- тайёрӣ ба ҷиноят ва моддаи 255 қисми 2 — қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва Бурҳон Абдуллоев ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуд.
Хонаводаи Абдуллоев яке аз саҳҳомони бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритӯс ба шумор мераванд, ки бо додарарӯси президенти кишвар — Муҳибулло Саъдуллоев сари тақсимоти ин бозор баҳси додгоҳӣ доранд. Моҳи майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, бозор байни тарафҳо 50 ба 50 тақсим карда шавад. Абдуллоевҳо аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, ахиран эълон карданд, дар сурати расидагӣ нашудан ба шикояти онҳо ба барномаи телевизиони «Пуст говорят»-и шабакаи аввали телевизиони Русия муроҷиат хоҳанд кард.
http://www.ozodagon.com/20214-davoi-dodararsi-digari-prezident-alayi-samak-va-abdulloev.html