Давлатшо Гулаҳмадзода нақши воситахои ахбори оммаро дар ҷомеа арзанда арзёбӣ намуд

Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон имрӯз 11 март хабарнигорони расонаҳои мухталифро, ки дар ҳукумати вилоят ҷаъм шуда будаанд, ба рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфта, нақши воситањои ахбори оммаро дар ҷомеа арзанда гуфт.

Давлатшо Гулаҳмадзода зикр кард, ки дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон хабарнигорон нақши арзанда доранд ва бояд онҳо пайваста аз ҷониби ҳукумати вилоят, новобаста аз он ки дар кадом расона кор мекунад, қарор дошта бошанд.

Дар рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Қурғонтеппа ҳудуди 70 хабарнигор иштирок дошт, ки аз ҷониби раиси вилоят туҳфаҳои хотиравӣ гирифтаанд, вале имсол хабарнигорони шаҳру навоҳӣ дар иди матбуот дар ҳукумати вилоят даъват нашуда будаанд.

Дар ҳамин ҳол аз шуъбаи иттилооти ҳукумати вилоят гуфтанд, ки ба хотири роҳи дур хабарнигорон аз ҳафтаномаҳои ноҳиявиро даъват накардаад, вале онҳоро худи раисони навоҳӣ ба рӯзи идашон шодбош мегӯяд.

Дар ин ҷаласаи идона Давлатшо Гулаҳмадзода бо хабарнигорон дар мавриди фарогирии мавҷи радио ва телевизиони вилояти Хатлон суҳбати ошкоро анҷом дода гуфт, ки бояд мушкилот ҳалли худро ёбад ва фазои иттилоотии Хатлон холӣ намонад. Хабарнигорон дар мавриди мушкили дастрасӣ ба иттилоот, кори шуъбаи иттилооти ҳукумати вилоят изҳори нигарони намуданд, ки аз ҷониби раиси вилоят пазируфта шуд ва ваъда дод, ки ин масъала низ ҳалли худро меёбад.

Давлатшо Гулаҳмадзода инчунин ба хабарнигорон гуфт, ки онҳо дар назар доранд, ки дар шаҳри Қурғонтеппа барояшон як бинои матбуотро ба истифода диҳанд, ки ҳоло дар нақшаи ҳукумати вилояти ҷой дода шудааст.

Хабарнигори хадамоти мониторинг

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *