«Давлат ба истиқлоли родиюи «Озодӣ» латма ворид мекунад»

Раҳбарияти родиюи Озодӣ дар конфаронси хабарии телефунӣ бо хабарнигорони тоҷик нигаронии худро дар робита ба тамдид нашудани сабти номи Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори ин расона дар Тоҷикистон иброз дошт.

Хонуми Левисон гуфт: “Родиюи Озодӣ, расонаи мустақил аст ва рад шудани сабти номи хабарнигори ин расона аз сӯйи вазорати хориҷаи Тоҷикистон талоши давлат барои кунтрул ва маҳдуд кардани фаъъолияти ин расона ва тарс додани хабарнигорни мустақил ва дахолат ба истиқлоли родиюи Озодӣ аст.”

Хонуми Левисон мегӯяд раҳбарияти ин расона ҳамчунон мунтазири дарёфти шарҳи далоили вазорати хориҷаи Тоҷикистон барои тамдид накардани сабти ном ё окридитои Абдуқаюми Қаюмзод аст.

Вай гуфт, ки рӯзи 29-уми январ ин созмон ба Вазорати хориҷаи Тоҷикистон номаи дигаре барои дархости шарҳи ин масъала ирсол хоҳад кард.

Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед: http://taj.nansmit.tj/davlat-ba-isti%D2%9Bloli-rodiyui-ozod%D3%A3-latma-vorid-mekunad/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *