Раҳбарияти родиюи Озодӣ дар конфаронси хабарии телефунӣ бо хабарнигорони тоҷик нигаронии худро дар робита ба тамдид нашудани сабти номи Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори ин расона дар Тоҷикистон иброз дошт.
Хонуми Левисон гуфт: “Родиюи Озодӣ, расонаи мустақил аст ва рад шудани сабти номи хабарнигори ин расона аз сӯйи вазорати хориҷаи Тоҷикистон талоши давлат барои кунтрул ва маҳдуд кардани фаъъолияти ин расона ва тарс додани хабарнигорни мустақил ва дахолат ба истиқлоли родиюи Озодӣ аст.”
Хонуми Левисон мегӯяд раҳбарияти ин расона ҳамчунон мунтазири дарёфти шарҳи далоили вазорати хориҷаи Тоҷикистон барои тамдид накардани сабти ном ё окридитои Абдуқаюми Қаюмзод аст.
Вай гуфт, ки рӯзи 29-уми январ ин созмон ба Вазорати хориҷаи Тоҷикистон номаи дигаре барои дархости шарҳи ин масъала ирсол хоҳад кард.
Нигаронии созмонҳои хабарнигорӣ
Дар ҳамин ҳол, чаҳор созмони мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорони Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ унвонии Вазорати хориҷаи ин кишвар дархост ироа карда ва шарҳи тамдид нашудани сабти номи Абдуқаюми Қаюмзодро карданд.
Ин созмонҳо гуфтаанд, ки ба дунболи дарёфти посухи вазорат мехоҳанд дар чорчӯби қавонини кишвар барои тамдиди сабти номи ин хабарнигори родиюи «Озодӣ» дар Душанбе талош кунанд.
Абдуқаюми Қаюмзод, ки аз соли 2001 мелодӣ ба ин сӯ дар ин расонаи хориҷӣ ба унвони хабарнигор фаъъолият дорад, аз рӯзноманигорони шинохта дар Тоҷикистон аст.
Аммо тибқи қавонини Тоҷикистон, ӯ наметавонад фаъъолияти хабарнигории худ дар як расонаи хориҷиро бидуни сабти ном дар вазорати хориҷа идома бидиҳад.
Масъулони бахши иттилоъоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир омода нестанд дар посух ба ин нома шарҳе ироа кунанд.
Дар баҳори соли гузашта ин ниҳоди давлати Тоҷикистон сабти номи Гулнораи Равшан, хабарнигори дигари собиқадор дар бахши узбакии родиюи «Озодӣ»-ро тамдид накард ва ӯро низ аз ин роҳ аз ҳаққи фаъъолияти хабарнигорӣ дар кишвар маҳрум сохт.
Масъулони родиюи «Озодӣ» ҳафтае қабл бо пахши баёнияе тамдид накардани сабти номи хабарнигорон аз сӯйи вазорати хориҷаро иқдоме «ба хотири сонсур» унвон карданд.
Стивен Корн, раиси родиюи «Озодӣ», ин иқдоми давлати Тоҷикистонро «ҳамла ба истиқлоли родиюи «Озодӣ» унвон карда ва гуфта буд: «Сабти ном як раванди идорӣ ба хотири мусоъидат ба ҳаққи хабарнигорон аст, вале он аз тарафи мақомоти Тоҷикистон оҳанги сиёсӣ гирифта, мунтахабан ба хотири сонсур ва тарс додани онҳо истифода мешавад.»
Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон дар Тоҷикистон дар номаи худ ба вазири хориҷа эътироз кардаанд, ки чаро бо гузашти чанд ҳафта пас аз бозтоби густардаи қазияи тамдид нашудани сабти номи Абдуқаюми Қаюмзод дар расонаҳо, ин вазорат шарҳе дар мавриди сабабҳои ин иқдоми худ ироа намекунад.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки пас аз дарёфти шарҳи вазоратхона дар ин маврид, созмонҳои рӯзноманигорӣ талошҳое барои барқарории фаъъолияти ин хабарнигор дар Тоҷикистон анҷом хоҳанд дод.
Оқои Қаршибоев афзуд бо ин ки созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон дар робита бо ин қазия талошҳои худро идома медиҳанд, «раҳбарии родиюи «Озодӣ» низ бояд дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигоронаш дар ин кишварро ҷиддӣ бигирад.»
Зимнан, дар авосити моҳи январ масъулони родиюи «Озодӣ» аз масдуд шудани сойтҳои ин родию дар Тоҷикистон хабар дода буданд. Рӯзи 18 январ сойти бахши тоҷикии ин родию ба муддати 4 рӯз масдуд шуда ва дастрасӣ ба сойти русии он низ душвор шуда буд.
Маҳдудияти озодии баён дар соли гузашта
Идораи иртибототи Тоҷикистон сабаби ин амрро «мушкилоти фаннӣ» хонд, аммо иддае ин мушкилро иқдоме амдӣ дар пайи чопи матолиби интиқодӣ дар бораи мақомоти давлатӣ дар сойтҳои мухталиф, аз ҷумла сойти родиюи «Озодӣ», хондаанд.
Ҷоан Левисон, муъовини раиси родиюи “Озодӣ” дар умури равобити умумӣ бо ишора ба бархе аз мавориди масдуд шудани сойтҳои хабарӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки дар як соли ахир вазъи озодии баён дар Тоҷикистон башиддат коҳиш ёфтааст.
Дар шаш моҳи ахир дар Тоҷикистон сойтҳои хабарии «asia-plus», «nahzat.tj», «tojnews», «tjknews» ва шабакаи иҷтимоъии Фейсбук борҳо барои муддате масдуд шуда буданд.
Феълан дастрасӣ ба сойтҳои «fergana.ru», «centrasia.ru», «ria-novosti.ru» ва «vesti.ru» ҳамчунон масдуд аст.
Дар ҳамин ҳол ду расонаи мустақили Тоҷикистон дар бораи фишори мақомоти давлатӣ бар фаъъолияти хабарнигорон садо баланд кардаанд.
Ожонси иттилоъотии TojNews ва нашрияи “Нигоҳ” дар Душанбе алайҳи амалкарди мақомоти кумитаи дин ва додситонии Тоҷикистон баёнияе таҳти унвони “Ба шиносбозӣ ва суистифода аз мансаб роҳ намедиҳем” мунташир кардааст.
Ин нашрия, қаблан аз боз шудани парвандаи маъмурӣ алайҳи хабарнигори худ хабар дода буд.
Фишорҳои имрӯз
Бино ба иттилоъи раҳбарияти ин нашрия пулис Амруллоҳи Низом, хабарнигори ин нашрияро “бар асоси шикояти мақомоти Кумитаи дин” дар “майдаавбошӣ” муттаҳам кардааст.
Саймудин Дустов, раҳбари ожонси иттилоъотии TojNews ва сардабири нашрияи Нигоҳ мегӯяд, ки боз шудани ин парванда “намунаи барҷастаи ғараз, шиносбозӣ, сохтакорӣ, суистифода аз мансаб, беэҳтиромӣ бар қонун ва ахлоқи хизматчии давлат” аст.
Дар баёнияи раҳбарияти ин ожонс мехонем: “Оғози ин парванда амали муғризонаи раҳбарияти Кумита (кумитаи дин) буда, танҳо ва танҳо ба фаъолиятҳои касбии журналист рабт дорад.”
Ин нашрия тақозо дорад, ки парванда алайҳи хабарнигори онҳо қатъ шуда ва афроди зидахл дар боз кардани чунин парванда алайҳи Амруллоҳи Низом муҷозоти маъмурӣ шаванд.
Ҳамзамон бо ин хабар, расонаҳои Тоҷикистон аз оғози қазияи додгоҳии дигаре миёни расонаи мустақил ва афроди наздик ба мақомот хабар доданд.
Рустам Ҳукумов, писари Амонуллоҳ Ҳукумов, раиси корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” рӯзномаи ИмрӯзNews-ро дар тавҳин ба шахси худ муттаҳам кардааст.
Қарор аст муҳокимаи нахустини ин қазия рӯзи 30-юми январ дар додгоҳи шаҳри Душанбе баргузор шавад.
Ин нашрия хабар додааст, ки Рустам Ҳукумов мақолаи мавсум ба “Боқиев ва Ҳукумов — дарди сари падарҳо шудаанд”-и ин нашрияро тавҳин ба шахси худ дониста ва аз нашрия тақозои 50 000 сомонӣ ғаромати молӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин тақозо кардааст, ки расидагӣ ба шикояти ӯ дар додгоҳи баста сурат бигирад.
Ҷоана Левисон, муъовини раиси родиюи “Озодӣ” дар умури равобити умумӣ гуфт, ки тамдид накардани сабти номи хабарнигори ин расона тавассути вазорати хориҷаи Тоҷикистон мисоли “дахолати давлат ба умури родиюи Озодӣ” аст.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/01/130129_sq_media_freedom.shtml