Даъвати 70 нафар журналистони дохиливу хориҷӣ ба фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав»-и Хуҷанд

Имрӯз  дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» нахустин маротиба дар вилояти Суғд Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» доир мегардад, ки дар он меҳмонони зиёде иштирок хоҳанд кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, барои инъикоси ҷараёни баргузории Фестивал наздики 70 нафар журналистону хабарнигорони дохиливу хориҷӣ даъват шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ҷумла хабарнигорони Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, шабакаи иттилоотии Ҷаҳоннамо, ТВ Сафина, СТВ, АМИТ Ховар, МТРК МИР, ВВС, IWPR, ОРТ, РИА Новости, Internews, Садои Хуросон,  ШТР СМ-1, ШТР Азия, ШТР Танин, Азия-плюс, Авеста, Озодӣ, рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Тоҷикистон», «Фараж» ва ғайраҳо дар ин Фестивал иштирок мекунанд ва онро дар расонаҳои хабарӣ инъикос менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар Фестивал ҳамзамон журналистони кишварҳои дӯст Қазоқистону Қирғизистон, ки барои инъикоси Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» дар расонаҳои кишварҳояшон ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, иштирок менамоянд.

http://news.tj/tj/news/davati-70-nafar-zhurnalistoni-dokhilivu-khori-ba-festivali-gul-o-va-oshi-palav-i-khu-and

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *