Дастури таълимии Мухторӣ ба табъ расид

Дастури таълимии нави Мухторӣ Қутбиддин бо номи «Хадамоти матбуотӣ ва робита бо ҷомеа» нашр шуд.

Дастури таълимии мазкур, ки барои донишҷӯёни ихтисоси иттилоот ва робита бо ҷомеа, журналистика, дипломатия пешбинӣ шудааст, мухтасаран аз таърихи пайдоиши хадамоти матбуотӣ дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, низом ва тарзи кори марказҳои матбуотӣ ва котибони матбуотӣ маълумот дода, усул ва роҳҳои ҳамкории онҳо бо ВАО, бо ҷомеа дар он зикр карда мешавад.

Дастури таълимии «Хадамоти матбуотӣ ва робита бо ҷомеа» аз 107 саҳифа иборат буда, дар нашриёти «Пойтахт» чоп шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Мухторӣ Қутбиддин солҳои тӯлонӣ дар ДМТ, факултаи журналистика фаъолият намуда, айни ҳол мудири кафедраи матбуоти факултети журналистика мебошад.

 

http://faraj.tj/news/9880-dasturi-talimii-muhtor1251-ba-tab-rasid.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *