Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти интихоботи Маҷлиси намояндагон ва нақши хабарнигорон дар ҷараёни барпо гаштани интихоботи демократӣ ва шаффоф, бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои мутараққии олам, ки аз ҷониби созмони байналмилалии «Гузоришгарони бидуни марз» (RSF) ҷамъбасту натиҷагирӣ шудааст, дастурамалеро барои фаъолияти журналистон дар мавриди ширкаташон дар маъракаҳои интихоботӣ таҳия намуд.
Мутмаинем, ки истифода аз ин дастурамал барои рӯзноманигорони Тоҷикистон дар пӯшиши муваффақонаи ин маъракаи муҳим бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Ба таваҷчӯҳи мақомоте, ки дар ҳар иқдоми довталабонаи созмонҳои ҷомеаи маданӣ дасти «хоҷагони хориҷӣ» меҷӯянд, мерасонем, ки ин дастур бо иқдоми ҳамкорони мо ройгон таҳия гаштааст. Умед дорем, ки ин дастурамал дар таъмини амнияти фаъолияти рӯзноманигорони кишвар нақши муассире хоҳад дошт.
ДАСТУРАМАЛИ ХАБАРНИГОРОН ДАР ҶАРАЁНИ ИНТИХОБОТ
Барои дар амон мондан аз фишорҳои зиёде, ки дар ҷараёни интихобот ба амал меояд, хабарнигорон бояд бо принсипҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ мусаллаҳ бошанд. Иттилоот бояд дақиқ, тасдиқшуда, мутавозин, бетараф ва мутазаммини каромати инсонӣ бошад. Хабарнигорон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки фаъолияташон танҳо барои манофеъи шаҳрвандони оддии кишвар аст.
Бо таваҷҷӯҳ ба масоили боло, хабарнигорон бояд мавориди зерро дар назар бигиранд:
— Аз ҳақ ва мукаллафияти гуфтугӯ бо тамоми аҳзоб ва номзадҳо, ба шумули онҳое, ки мухолифати бештар бо ҳукумат доранд, огоҳ бошанд. Ҳама масоили марбут ба муборизоти интихоботӣ, ки барои мардум ва ояндаи кишвар муҳиманд, мавзӯъоти арзишманд барои гузоришдиҳӣ мебошанд. Танҳо дар чанд заминаи муайян маҳдуд кардани озодии баён машруъият дорад. Бинобар ин хабарнигорон бояд қатъиян ба нашри афкор ва андешаҳои гуногун монеа эҷод накунанд.
— Иттилооти дақиқ ва тасдиқшударо ба нашр бирасонед, то ин ки фаъолиятатон боэътибор дониста шавад. Ахбор бояд бо рӯҳияи муттаъодил, воқеъгароёна, бо нигоҳи шаккок ба масоил ва бидуни натиҷагирии иҷборӣ ба нашр бирасад.
— Дар ҷараёни гузоришдиҳӣ пиромуни барномаҳо ва мунозираҳо дидгоҳҳои ҳамаи рақибни сиёсиро бидуни дахли дидгоҳи шахсиатон таҳти пушиш қарор диҳед.
— Истиқлоли худро ҳифз карда, дар баробари ҳар гуна фишори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва молӣ, ки барои таъсиргузорӣ бар интихобот тарроҳӣ шудаанд, муқовимат кунед. Танҳо аз омилҳои мудирии мустақими хеш ва ҳисси ахлоқие, ки доред, пайравӣ кунед. Аз дуздӣ, харидорӣ ва фурӯши иттилоот комилан худдорӣ намоед.
— Ҳамеша аз таъсироти мусбат ва манфие, ки иттилоот мумкин аст дошта бошад, огоҳ бошед. Биноан хабар бояд бо истифода аз забони ғайриҳангомахоҳӣ ва бетарафона ба нашр бирасад. Аз мавзуоте, ки ба сурати билқувва метавонанд сабаби таниш гардад, бояд боэҳтиёт истифода намуд.
Мушаххасоти раванди интихоботӣ
Дар кишварҳое, ки дар ҳоли бозсозӣ ва гузор ба демократианд, нақши як хабарнигор танҳо пушиши масоили сиёсӣ нест. Ў бояд дарёбад, ки оё шароити лозим барои ба роҳ афтидани интихоботи озод, шаффоф ва боэътибор мавҷуд аст ё хайр. Бидуни ин ки нақши пулис, суд ва ё узви кумиссиюни интихоботро бозӣ кунад, як хабарнигор бояд мардумро аз иштибоҳот, бенизомиҳо ва суистифодаҳое, ки сабт намудааст, огоҳ созад.
Афзун бар ин, як хабарнигор бояд мавориди зерро низ дар назар бигирад:
— Перомуни масоили ҳуқуқӣ ва қонунии интихобот гузориш пахш намуда, таваҷҷӯҳи бештаре ба меъёрҳои шоистагии номзадҳо ва тақсимбандии ҳавзаҳои интихоботӣ дошта бошад.
— Тарзуламали сабти номи райъдиҳанагонро бо эҳтиёти комил баррасӣ карда, дар ҳамкории наздик бо масъулини марбута возеҳ бисозад, ки сабти номи шаҳрвандон ва таҳия сохтани феҳристи интихобкунандагон ба дурустӣ ва шаффофӣ ба пеш меравад.
— Перомуни эътибори кумиссияҳои мустақили интихоботӣ ва соири созмонҳои миллӣ, ки дар ҷараёни интихобот нақшбозӣ мекунанд, таҳқиқ намояд.
— Собит бисозад, ки оё ҳуқуқ ва мукаллафиятҳое, ки дар тарзуламали интихобот барои аҳзоб ва номзадҳо дар назар гирифта шудааст, ба дурустӣ иҷро мешавад ё хайр.
— Бубинед, ки оё ба тамоми аҳзоб ва номзадҳо фурсати мусовӣ барои истифода аз расонаҳо, бавижа расонаҳое, ки мулкияти омма пиндошта мешаванд, дода шудааст ё хайр.
— Аз теъдоди зиёди марокизи зиёди овоздиҳӣ дар ҷараёни рӯзи овоздиҳӣ дидор намуда ва дарёбед, ки оё овоздиҳӣ ва шумориши овозҳо ба дурустӣ иҷро мешаванд ё на.
— Аз нашр ва пахши натоиҷи интихобот, қабл аз эълони расмии он тавассути комиссияи интихоботӣ, худдорӣ кунед.
— Дар бораи ин ки чаро натоиҷи интихобот ба баҳс кашида шуда ва оё пас аз дарҷ шудани шикоёти интихоботӣ тарзуламали марбута иҷро шудааст ё хайр, тавзеҳ диҳед.
— Бояд бидонед, ки чӣ гуна миёни бенизомиҳои интихоботие, ки ба иллати адами огоҳии кормандони кумиссияи интихоботӣ ба вуҷуд омада ва тақаллубе, ки ба манзури тағйир додани натоиҷи интихобот иттифоқ афтида, тафовут қоил шавед.
— Аз аҳзоби сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ ба унвони манбаъ, ҷиҳати таҳқиқ пиромуни тақаллуб ва ё бенизомиҳои интихоботӣ истифода намоед. Аммо бояд таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки аз хатари мавриди истифода қарор гирифтан ва ба дом афтидан тавассути ин ниҳодҳо худро дар амон нигаҳ доред.
Пушиши хабарии муборизоти интихоботӣ
Яке аз бузургтарин чолишҳои мавҷуд бар сари роҳи хабарнигорон, ки битавонанд, таваҷҷӯҳи худро ба иттилооте, ки барои интихобкунандагон аз арзиши зиёд бархурдор аст, маътуф бидоранд. Як хабарнигор бояд эҳтиёти лозимро барои истифода аз иттилоот ва таъмини амнияти хеш ба кор бибарад.
— Фаъолияти хабарнигорӣ бояд пеш аз оғози муборизоти пешазинтихоботӣ, бо гирдоварии иттилоот перомуни аҳзоб ва номзадҳо шурӯъ шавад. Бо масъулини муборизоти интихоботӣ бояд тамос барқарор шуда ва масоил ва ташвишҳои муҳими шаҳрвандон бояд ташхис дода шавад.
— Баҳсҳои коршиносон, устодони донишгоҳ ва масъулини ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ ба хабарнигорон кумак мекунанд, то масоили умдаро, ки бояд дар меҳвари муборизоти интихоботӣ қарор бигиранд, ташхис диҳанд.
— Як хабарнигор набояд танҳо ба иттилооти бадастомада аз номзадҳо ва аҳзоб розӣ бошад, балки бояд талош намояд, то ин иттилоотро тавзеҳ ва ташреҳ намояд. Тафовут миёни фаъолиятҳи расмии як фард ба унвони узви ҳукумат ва фаъолиятҳое, ки ба унвони як фаъоли сиёсӣ анҷом медиҳад, низ зарурӣ мебошад.
— Гуфтугӯ бо як номзад дар ҷараёни муборизоти интихоботӣ, кори мушкиле аст, ки ниёзманди омодагии зиёд ва таҳияи пурсишҳои муносибе мебошад.
— Набояд бо натоиҷи назарсанҷиҳо саҳлангорона бархурд кард, балки бояд бо эҳтиёти комил аз он истифода намуд. Ба кайфияти иттилооти бадастомада ва ин ки киҳо назарсанҷии мавриди назарро таҳия намудаанд, бояд таваҷҷӯҳи вижа дошта бошед.
Ҳабарнигорон нақши бисёр муҳимеро дар густариши арзишҳои демократӣ ва таҳкими сулҳ бозӣ мекунанд. Ин нақш замоне муҳимтар мешавад, ки танишҳои сиёсӣ дар ҷомеа сар бароварда бошад. Тавоноии назорат ва таҳлили масоил яке аз мушаххасоти хабарнигори ҳирфаӣ аст. Ин тавоноӣ ба хабарнигор фурсат хоҳад дод, то масоили печидаи сиёсӣ-иҷтимоиро дарк намуда ва хатароти мавҷудро ташхис диҳад.
Бо таваҷҷӯҳ ба қавоиди ахлоқию ҳирфаии хеш хабарнигорон бояд талош кунанд, то танишҳои иҷтимоиро коҳиш диҳанд.