Дастрасии озод ба сойтҳои ‘ифротгаро’ дар Тоҷикистон

[b]Алорағми ҳукми Девони олии Тоҷикистон дар мавриди масдудияти сойтҳои муртабит ба «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» дар ин кишвар, ин сойтҳо ҳамчунон қобили дастрасист.[/b]

Аз сӯйи дигар, манобеъи амниятии Афғонистон гузориш додаанд, ки гурӯҳҳои пайкорҷӯ, аз ҷумла «Ҷамоъати Ансоруллоҳ», талошҳои худро барои ҷалбу омӯзиши ҷавонони тоҷик ва бозпас фиристодани онҳо ба қаламрави Тоҷикистон барои анҷоми амалиёти теруристӣ тақвият кардаанд.

Девони (Додгоҳи) олии Тоҷикистон рӯзи 3 май фаъъолияти «Ҷамоъати Ансоруллоҳ», як гурӯҳи исломгарои навпоро, дар ин кишвар мамнӯъ эълом кард.

Тоҳир Қодиров, додраси Девони олӣ, он замон эълом карда буд, ки ширкатҳои иртибототи Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки дастрасӣ ба сойтҳои «Иршод.ком» ва «Иршод.нет»-ро, ки ба «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» мутаъаллиқ дониста мешаванд, масдуд кунанд.

Аммо бо гузашти якуним моҳ аз аз он замон, дастрасӣ ба ин сойтҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчунон имконпазир аст. Масъулони бархе аз ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ гуфтанд, ки дар бораи масдудсозии ин сойтҳо ҳеч гуна дастуре «аз боло» нагирифтаанд.

Сойтҳои «Иршод.ком» ва «Иршод.нет», ки Девони олии Тоҷикистон онҳоро ба «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» муртабит медонад, худро «минбари муҷоҳидин» муъаррифӣ мекунанд ва матолиби ин сойтҳо ғолибан аз даъвати мардум ба ҷиҳод ва «афзалтар будани ҷиҳод» бар соири ибодатҳо ва умури мазҳабӣ, аз ҷумла ҳаҷ ва таъмири масҷид, иборат аст.

Тибқи мусаввабаи Девони олии Тоҷикистон, «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» як гурӯҳи «теруристӣ ва ифротгаро» шинохта шуда ва гуфта мешавад, ки фаъъолияти ин гурӯҳ амнияти Тоҷикистонро ба хатар меандозад.

Як мақоми амниятӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» «хатарноктарин гурӯҳи теруристӣ ва ифротгаро» барои амнияти Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва хатароти он аз Алқоъида ва Толибон бештар аст.

Вай ҳамчунин гуфт, ки «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» як бахши Ҷунбиши Исломии Узбакистон, як гурӯҳи тандрави исломӣ дар минтақа, аст, ки аз сӯйи Алқоъида ҳимояти молӣ мешавад.

Зимнан, расонаҳои гурӯҳии Афғонистон бо такия ба манобеъи амниятӣ иттилоъ додаанд, ки аъзои «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» ва шабакаи Ҳаққонӣ талош доранд фаъъолиятҳои теруристии худро аз манотиқи шимоли ғарби Покистон ба Тоҷикистон мутамаркиз кунанд.

Шабакаи телевизиюнии «Тулӯъ» аз қавли Шафиқулло Тоҳирӣ, муъовини сухангӯйи Идораи амнияти Афғонистон, хабар дод, ки «гурӯҳҳои теруристӣ, ки дар устони Вазиристони Шимолии Покистон мустақар ҳастанд, тавассути пайкорҷӯёни тоҷик ва узбак амнияти Тоҷикистонро таҳдид мекунанд.»

Шабакаи телевизиюнии «Ориёно» бо такия ба манобеъи амниятӣ хабар дод, ки «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» ҷавонони тоҷикро ба суфуфи худ ҷалб карда ва онҳоро барои омӯзиш ба урдӯгоҳҳо дар Покистон эъзом мекунад. Сипас ин афрод барои анҷоми амалиёти теруристӣ ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Манобеъи амниятӣ ва марзбонии Тоҷикистон аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карданд. Аммо дар баҳори соли ҷорӣ ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон чанд мазнун дар узвияти Ҷунбиши Исломии Узбакистонро боздошт карданд. Як узви дигари ин гурӯҳ дар Покистон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, ин гурӯҳ қасд доштааст теъдоде аз сокинони рустои «Қизилнишон»-и ноҳияи Қумсангирро барои омӯзиш ба Покистон бифиристад.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки афзоиши фаъъолияти гурӯҳҳои пайкорҷӯи исломӣ дар Тоҷикистон «ғайричашмдошт нест.»

Вай афзуд: «Ҷунбиши Толибон муваффақ шуд, ки дар масири хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон тавассути қаламрави Покистон монеъ эҷод кунад ва то андозае «пирӯз» шавад. Ҳоло мавзӯъи истифода аз ин масир барои нерӯҳои НОТУ норӯшан аст. Ҳамакнун Толибон ва гурӯҳҳои вобаста ба он талош хоҳанд кард, ки дар масири шимолӣ низ барои НОТУ мушкил эҷод кунанд.»

Ба эътиқоди оқои Ҳодизода, ин гурӯҳҳо бо шумули аъзои Ҷунбиши Исломии Узбакистон ва «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» дар манотиқи ҳаммарз фаъъол хоҳанд шуд, вале вай афзуд, ки суоли матраҳ ин аст, ки дар минтақаи ҳаммарзи кадом кишвар, Тоҷикистон ё Афғонистон?

Фаридун Ҳодизода гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд пайкорҷӯён умдатан дар манотиқе фаъъолият хоҳанд кард, ки ҳифозат аз марз дар он манотиқ душвортар аст.

Манобеъи пулис ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хабар додаанд, ки тӯли ду ҳафтаи ахир дар минтақаи Шӯроободи вилояти Хатлон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқчии маводди мухаддир амалиёти вижае анҷом медиҳанд.

Аммо рӯшан нест, ки дар ин амалиёт оё марзбонони тоҷик бо гурӯҳҳои вобаста ба Ҷунбиши исломии Узбакистон ё «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» низ даргир шудаанд ё хайр.

Аз сӯйи дигар, рӯзи сешанбеи 19 июн ҳамоише дурӯза дар бораи густариши ифротгароӣ дар Тоҷикистон ба ибтикори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо оғоз шудааст.

Дар ин ҳамоиш, ки пушти дарҳои баста доир мешавад, коршиносон, диплумотҳои хориҷию маҳаллӣ, намояндагони давлат ва ҷомеъаи маданӣ роҳҳои муқобала бо ифротгароиро баррасӣ мекунанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/06/120619_if_ansarollah_islam.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *