Дастрасӣ ба сойти ASIA-Plus дубора масдуд шуд

[b]Дастрасӣ ба сойти ASIA-Plus, яке аз хабаргузориҳои мустақилли матраҳ дар Тоҷикистон, шоми рӯзи душанбеи 23 июл масдуд шудааст.[/b]

Дар ин бора масъулони ин хабаргузорӣ субҳи рӯзи сешанбе хабар додаанд.

Ба гуфтаи масъулони фароҳамгарони интернетии Тоҷикистон, онҳо ин сойтро пас аз дарёфти дастури мақомоти иртибототи Тоҷикистон масдуд кардаанд.

Зебо Тоҷибоева, масъули хабаргузории ASIA-Plus, дар мавриди сабаби ин амр ибрози беиттилоъӣ кард.

Вай гуфт: “Дирӯз соъати 7 шом фароҳамгарони интернетиамон бо мо тамос гирифтанд ва гуфтаанд, ки дастури дигаре аз мақомоти иртиботот дар бораи қатъи дастрасӣ ба ин сойтро дарёфт кардаанд. Мо зуҳри имрӯз бо мақомоти Идораи иртиботот дидор хоҳем дошт. Дар ин дидор шояд мушаххас гардад, ки чи хабар аст.”

Ин барои бори дувум дар ду моҳи ахир аст, ки бо дастури мақомоти давлатӣ дастрасӣ ба сойти ин хабаргузории мустақилли Тоҷикистон масдуд мешавад.

Дастрасӣ ба ин сойт дар авоили моҳи июн низ қатъ шуда буд. Он замон фароҳамгарони интернетӣ, ки ниҳодҳои давлатӣ нестанд, аз мақомоти Идораи иртибототи Тоҷикистон дар мавриди бастани дастрасӣ ба ин сойт дастур гирифта буданд.

Бег Зуҳуров ба хабарнигорон ин мавзӯъро чунин шарҳ дода буд, ки дар фурумҳои ин сойт баҳсҳое дар миёни хонандагон сурат мегирад, ки “на фақат ба мансабдорони қаторӣ, балки ба раҳбарону вазирони кишвар ҳам беҳурматӣ мекарданд”.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо барои қатъи дастрасӣ ба расонаҳои мустақил ва сойтҳои иҷтимоъии интернетӣ аз сӯйи созмонҳои мудофеъи озодии баён шадидан интиқод шудаанд.

Аз ҷумла Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар баҳори соли ҷорӣ пас аз масдуд шудани бархе аз сойтҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла, шабакаи иҷтимоъии Фейсбук, «Звезда.ру», «Маҳалла.орг» ва «Тҷкнюз.ком» ба давлати ин кишвар муроҷиъат карда буданд.

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон дар номааш унвонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд: “Дафтари раёсати ҷумҳурии Раҳмон бояд интиқод ва баррасии фаъъолияти худ тавассути ҷомеъаро таҳаммул кунад ва аз сонсури расонаҳои интиқодӣ даст бардорад, зеро дар даст доштани идораи дафтари иҷтимоъӣ бидуни интиқод намешавад.»

Дар ҳамин ҳол Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон масдуд шудани сойти ASIA-Plus-ро маҳкум кард.

Нуриддин Қаршибоев, раиси ин анҷуман гуфт: “Ин боз як амали нақзи ҳуқуқи конститутсионии (қонунии) мардум аст. Мо қатъан хоҳиш мекунем, ки давлат ҳар ихтилофи назареро, ки бо расонаҳо дорад дар доираи қонун ҳалл кунад.”

Оқои Қаршибоев афзуд, ки аз он нигарон аст, ки Идораи иртибототи Тоҷикистон ахиран мехоҳад нақши сонсури расонаҳоро ба уҳда бигирад.

Вай гуфт: “Инҳо боз як ниҳоди бозрасии муҳтавои сойтҳои хабариро ҳам созмон додан мехоҳанд. Мутаасифона, Бег Зуҳуров мақоми сонсурро ба худ гирифтааст, ки ин аз салоҳияти вай берун аст.”

Аммо бархе аз нозирон мегӯянд, ки масдуд шудани дастрасӣ ба сойти ASIA-Plus ба ҳаводиси вилояти Бахашони Тоҷикистон муртабит аст.

Вазъият дар ин минтақаи Тоҷикистон пас аз қатли сартип-дуи (генерал-майори) Кумитаи амнияти кишвар, Абдулло Назаров, ноором буда ва гуфта мешавад аз субҳи рӯзи 24-уми июл дар ин вилояти кӯҳистонии кишвар амалиёти вижаи боздошти омилини қатли ин женерол оғоз шудааст.

Зоҳиран иртиботи телефунии собит, бесим ва интернет бо Бадахшон низ қатъ шудааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/07/120724_sq_asia_plus_media.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *