Дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс» барқарор шуд

Пас аз муддати ду рӯз баста шудани торнамои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» —www.news.tj дастрасӣ ба сомона барои корбарони тоҷибарқарор шуд.

Қариб тамоми ширкатҳои фароҳамсози шабакаи интернетк , ки дастрасӣ ба торнаморо рӯзи 21-уми октябр қатъ карда буданд, дубора онро барқарор намуданд.

Тайи моҳи ахир ин кӯшиши дуюми маҳдуд сохтани дастрасии аҳолӣ ба сомонаи мустақили интернетӣ аст. Қаблан дастрасӣ ба сомона 10-уми октябр қатъ гардида, вале рӯзи дигар дубора барқарор шуд. Сабабҳои қатъи дастрасӣ ба сомона то ҳанӯз норӯшан боқӣ мемонанд.

Раҳбарияти гурӯҳи расонахои «Азия-Плюс» ба ҳама корбарони торнамо, ки сарфи назар аз маҳдудиятҳо, моро дастгирӣ намуда, хонандаи сомона боқӣ монданд, миннатдорӣ изҳор мекунад.

http://news.tj/tj/news/dastras-ba-tornamoi-aziya-plyus-bar-aror-shud-0

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *