Дар Тоҷикистон дастарасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Одноклассники ва Вконтакте масдуд шуд.
Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз шарҳи маҳдуд шудани дастрасӣ ба ин шабакаҳо худдорӣ мекунанд. Аммо як манбаъ гуфт, ки бо дастури Хадамот ширкатҳои интернетрасон сайтҳоро бастаанд.
Шоми 28-уми май дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои хабаргузории “Азия-Плюс” ва радиои “Озодӣ” низ масдуд шуда буд.
Дастрасӣ ба сайтҳо дар пайи паҳн шудани навори таъйинкунандаи ба гурӯҳи “Далвати исломӣ” пайвастани Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи ОМОН-и ВКД сурат мегирад.