Дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ

Анҷумани милии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ба хотири таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни ВАО ва ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти қудратӣ дар ҷануби кишвар  дар мавзуи «Дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ» сўҳбати гирди миз баргузор намуд.

Дар ин «мизи мудаввар», ки наздик ба 20 журналист, намояндагони расонаҳои маҳаллӣ — радио телевизион, нашрияҳои расмӣ ва мустақил ҳузур доштанд, бо масъулини Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ва намояндаи ҳукумати Хатлон, раёсати минтақавии гумрук ва суди вилоят дар мавриди ҳамкориҳо суҳбат карданд.

Дар ин «мизи мудаввар» Муҳаммадхоҷа Султонов, хабарнигор аз радиои вилояти Хатлон аз ҳамкорӣ бо масъулини ҳукумати вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ намуда гуфт, ки гоҳо дар чорабиниҳои барои онҳо муҳим наметавонад роҳ ёбанд ва гузоришҳо омода созанд.

Сайраҳмон Назриев, хабарнигори «Азия Плюс» дар Қўрғонтеппа афзуд, ки аз ҳамкорӣ бо судҳо қаноатманд аст.

Дар ин «мизи мудаввар» хабарнигорон Далер Шарипов, Бибирокия Абдуллоева низ иброз доштанд, ки мансабдорони давлатии шаҳру навоҳӣ аз онҳо дар вақти кор нақшаи корӣ мепурсанд ва монеъи фаъолияти касбиашон мешаванд.

Мухбири мониторинги АМВАОМТ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *