ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛЛООТ- ГАРАВИ ҲИСОБОТДИҲӢ ВА ШАФФОФИЯТ

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) бо мақсади мусоидат ба татбиқи қонунгузорӣ барои дастрасӣ ба иттиллоот омода аст, ки кӯмаки ҳуқуқӣ, машаваратӣ ва усулӣ барои ВАО ва журналистони кишвар пешниҳод кунад.

Ҳамзамон барои расидан ба ҳадафҳои пешгузошта АМВАОМТ пешниҳод мекунад, то якҷоя иқдоми “Дастрасӣ ба иттиллоот- гарави ҳисоботдиҳӣ ва шаффофият” – роҳандозӣ кунад ва аз ҷомеаи журналистӣ даъват ба амал меорад, то дар ин аксия бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои касбии хеш фаъолона ширкат варзанд.

Дастрасӣ ба иттиллот мушкили мубрами журналистони Тоҷикистон мебошад. Сарфи назар аз он, ки дар Қонуни нав “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситањои ахбори омма” аз 21 марти соли 2013, механизмҳои дастрасӣ ба иттилоотро муқаррар карда шудааст, вале ҳамоно ба бахши мониторинги АМВАОМТ оиди аз ҷониби мансабдорони давлатӣ ва шахсони расмӣ нақз шудани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот паёмҳо ворид мешаванд.

Қонуни нави матбуот журналистонро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои иттилоотї эътироф намуда, ба таври возеҳ механизмҳои дастрасӣ ба иттлооти расмиро муқаррар намуд. Дар асоси ин қонун ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти аниқ ба даст орад. Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд.

Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мӯҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб гардонанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки бо қонун ҳифз карда мешавад, дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниҳод карда мешавад.

Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба маводи танқидӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъолияташон, ки омӯзиши иловагиро талаб мекунанд, дар мӯҳлати на бештар аз ду ҳафтаи баъди рӯзи нашри (пахши) онҳо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор ҷавоб диҳанд.

Дар ҳолати аз додани маълумот саркашӣ намудани роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, намояндаи воситаи ахбори омма ба мақомоти болоӣ ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят карда метавонад.

Дар қонуни нав қонунгузор ҳамчунин тартиби рад ва ё ба таъхир гузоштани маълумоти талабшударо ба таври возеҳ муайян намудааст. Радкунии пешниҳоди иттилооти дархостшаванда дар мавриде имконпазир аст, ки он дорои маълумоти дар моддаи 6 қонуни мазкур зикргардида бошад. Хабарнома дар бораи радкунӣ ба воситаи ахбори омма дар муддати се рӯзи баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот супорида мешавад.

Вале, таъхири пешниҳоди иттилооти дархостшаванда имконпазир аст, агар пешниҳоди маълумоти талабшаванда дар мӯҳлати се рӯз аз имкон берун бошад. Хабарнома оид ба таъхир ба дархосткунанда дар мӯҳлати се рӯз баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот бо нишон додани сабаби таъхир ва мӯҳлати пешниҳоди иттилоот супорида мешавад. Ҳамчунин, дар ҳолати рад намудани пешниҳоди иттилоот, воситаи ахбори омма метавонад ба мақомоти болоӣ ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намояд.

Ҳамкорони гиромӣ,

Дар ҳолати нақз шудани ҳуқуқҳои касбии шумо ҳангоми дастрасӣ ба иттилооти аҳамияти ҷамъиятдошта, пешниҳод мекунем ба бахши мониторингии АМВАОМТ тавассути телефонњои зерин тамос гиред:

(+992 37) 221 37 11 – дафтар;

(+992 93) 504 30 13 – Нуриддин Қаршибоев;

(+992 918) 86 28 66 – Абдуфаттоҳ Воҳидов;

(+992 918) 25 63 43 – Уғулой Мухторова;

(+992 918) 61 89 91 – Нодира Раҳмонбердиева;

(+992 918) 19 19 45 – Фирдавс Муҳаммадҷонов.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *