Дархости худдорӣ аз инъикоси якҷонибаи вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Роҳбари Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи назди ҳукумати ҶТ Маҳмадтоир Зокиров аз журналистони тоҷик даъват ба амал овард, ки аз таҷрибаи инъикоси якҷонибаи масъалаҳои марбут ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ бо Қирғизистон худдорӣ варзанд.

Номбурда қайд кард, ки зимни сафари президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои СҲШ оид ба даст кашидан аз чунин таҷриба тавофуқ ҳосил шуда буд.

«Ман аз Шумо дархост мекунам, ки аз пешниҳоди якҷонибаи мавод доир ба ин масъала худдорӣ кунед, вагарна ин маънои онро дорад, ки мо супориши сарвари давлатро нодида мегирем», — гуфт Зокиров зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Ӯ таъкид дошт, ки гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ аз соли 2002 идома дошта, айни замон беш аз 500 километри марз аломатгузорӣ шудааст, ки 51% аз масофаи умумии марз миёни кишварҳоро ташкил медиҳад. «Рӯзҳои наздик гуфтушунидҳо идома ёфта, вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳарду ҷониб дар назар аст, ки аз ҷумла нақшаи кор барои соли 2015-ро муайян мекунанд», — иброз дошт ӯ.

http://news.tj/tj/news/darkhosti-khuddor-az-inikosi-yak-onibai-vaz-dar-marzi-ikistonu-ir-iziston

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *