Михаил Маркелов, вакили думаи давлатии Русия аз фраксияи «Русияи воҳид » пешниҳод кардааст, ки пахши шабакаи хабарии Euronews дар ҳудуди Русия қатъ карда шавад.
Ба чунин мавқеъгирии вакил гузориши ин шабака аз Укроин, ки ба акси Владир Путин, президенти Русия тирпаронӣ мекунанд, сабаб гардидааст.
Маркелов аз мақомотҳои қудратии кишвараш дархост кардааст, ки наворе, ки дар он симои Путинро ба симои Гитлер монанд карда, аз ҷониби ҳарбиёни укроинӣ мавриди тирборон қарор мегирад, мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Ба андешаи вакил, бояд барои пахши ин навор делои ҷиноӣ боз шуда, пахши барномаҳои шабакаи Euronews дар ҳудуди Россия қатъ гардад.
Дар дархости вакил аз ҷумла омадааст: «12-ум сентябр шурӯъ аз соати 6-и субҳ, наворе ҳар ним соат аз ҷониби шабака пахш гардид, ки дар он ҳарбиёни гвардияи миллии Украина тамрини тирпарронӣ карда ва расми Путинро гузошта ба он тир холӣ мекунанд. Ин навор дар тамоми дунё пахш гардид».
— Ин навор шаъни шарафи инсониро паст зада, барои бедор кардани ҳисси бадбинӣ нисбат ба ҳукумати Русияву роҳбари он омода шудааст. Навор беш аз иғво чизе набуд. Нисбат ба ин рафтор Кодекси ҷиноии ФР дар моддаи 282 «ҷазо дар шакли ситонидани ҷарима, ба корҳои силоҳи сафарбар намудан ва ба муддати 4 сол аз озодӣ маҳрум кардан» ро пешбинӣ кардааст, — мегӯяд вакил.
Euronews— шабакаи аврупоии иттилоотӣ буда, шабонарузӣ пахши наворҳоро бо 14 забон ба роҳ мондааст. Ин шабака 1 январи 1993 сол таъсис ёфтааст. Тибқи омори соли 2013 шабакаи Euronews, дар 135 давлати дунё рӯйи эфир омада 350 млн. тамошобин дорад. Пахши ин шабака дар ФР аз соли 2001 ба роҳ монда шудааст.
http://www.tojnews.org/darkhosti-vakil-baroi-qat%27i-euronews-dar-russia