Дархости тозаи Гузоришгарони Бидуни Марз барои озодии Усмонов

[b]Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз муҷаддадан аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шимоли ин кишварро, озод кунанд.[/b]

Ин созмон рӯзи чаҳоршанбеи 29 июн дар вокуниш ба фарохони ҷаҳонии кормандони Би-би-сӣ барои озодии фаврӣ ва беқайду шарти оқои Усмонов баёнияе интишор дода ва бори дигар нигаронии худро дар бораи вазъияти ӯ дар боздошт матраҳ кардааст.

[b]Баёнияи дувуми Гузоришгарони Бидуни Марз[/b]

Дар баёнияи Гузоришгарони Бидуни Марз омадааст: «Лағви иттиҳоми узвият дар гурӯҳе, ки фаъолияташ мамнӯъ аст, Ҳизби Таҳрир, нишон медиҳад, ки то чи андоза иттиҳомоти ворида алайҳи вай (Урунбой Усмонов) заъиф ва бепоя аст. Мақомот ҳоло мехоҳанд обрӯи худро ҳифз кунанд. Иттиҳомоти тоза алайҳи вай беасос аст ва озодии матбуъотро ҷиддан нақз мекунад.»

Қаблан Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, эълом карда буд, ки дар ҷараёни тафтишот ва бозҷӯйиҳои чанд рӯзи ахир собит шудааст, ки вай ҳаргиз узви Ҳизби Таҳрир набуда ва иттиҳоми узвият алайҳи ӯ лағв шудааст. Клик
Гузорише дар ин бора

Хонуми Воҳидова ин суханонро рӯзи сешанбе пас аз дидори намояндагони Би-би-сӣ бо Урунбой Усмонов дар идораи амнияти вилояти Суғд дар ҳузури кормандони амниятӣ низ такрор кард.

[b]Гузорише дар ин бора[/b]

Бо ин ҳол, ба гуфтаи вай, ҷониби бозрасӣ ҳоло мехоҳад бо такия ба бархе кутуб ва асноди Ҳизби Таҳрир, ки дар компютери кории оқои Усмонов пайдо шудаанд, ӯро ба «ҳамдастӣ» ё «хабар надодан ба мақомоти марбута» дар бораи мулоқоташ бо аъзои эҳтимолии ин ҳизб муттаҳам кунад.

Вале ҳам Урунбой Усмонов, ҳам вакили мудофеъаш ва ҳам Би-би-сӣ мегӯянд, ки мулоқоти оқои Усмонов бо аъзои эҳтимолии Ҳизби Таҳрир дар чорчӯби фаъолиятҳои хабарнигорияш сурат гирифтааст.

Хонуми Воҳидова мегӯяд оқои Усмонов ба унвони як хабарнигор, ки корти хабарнигорӣ дорад, наметавонист манобеъи хабарияшро ифшо кунад ё дар бораи онҳо ба мақомоти марбута иттилоъ бидиҳад ва ин амр дар мавозини байналмилалӣ ва қавонини марбут ба расонаҳо ва матбуъот дар Тоҷикистон сабт шудааст.

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз низ бар ҳамин нукта таъкид кардааст: «Чунончи мо дар замони боздошти Урунбой Усмонов ҳам гуфта будем, нигоҳдории асноди Ҳизби Таҳрир ва мулоқот бо ду нафар аз аъзои эҳтимолии ин гурӯҳ бахше аз фаъолияти рӯзноманигории вай барои таҳқиқи бештар дар бораи фаъолияти ин гурӯҳи мамнӯъшуда дар Тоҷикистон аст.»

Намояндагони Би-би-сӣ ва вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, ки рӯзи сешанбе дар идораи амнияти маҳаллӣ дар вилояти Суғд бо ӯ дидор доштанд, мегӯянд, ки аз вазъияти равонӣ ва ҷисмонии оқои Усмонов башиддат нигаронанд. Клик
Гузорише дар ин бора

Ба гуфтаи онҳо, ҳарчанд оқои Усмонов пас аз даҳ рӯзи боздошт аз идораи амният ба боздоштгоҳ мунтақил шуда ва мумкин аст аз хадамоти пизишкӣ бархӯрдор шуда бошад, вале вазъияти саломатии ӯ, ки аз бемории қанд ва заъфи дил ранҷ мебарад, бисёр нигаронкунанда аст.

Гузоришгарони Бидуни Марз дар истинод ба Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов мегӯяд, ки «мо намедонем, ки дар шаби аввали боздошти оқои Усмонов бо ӯ чи гузашт.»

Ба гуфтаи хонуми Воҳидова, ҳарчанд оқои Усмонов дарвоқеъ рӯзи душанбеи 13 июн тавассути маъмурони вижаи пулис боздошт шуд, вале бозраси амниятӣ ӯ ва парвандаи ӯро танҳо субҳи рӯзи дигар таҳвил гирифта ва дар асноди идораи амният боздошти ӯ 14 июн сабт шудааст.

Гузашта аз ин, вакили мудофеъи оқои Усмонов то кунун бо муваккилаш дидори якбаяк надошта ва ҳамаи мулоқот ва дидорҳояш бо ӯ дар ҳузури маъмурони амниятӣ сурат гирифтааст. Хонуми Воҳидова умедвор аст рӯзҳои оянда бо муваккилаш дидори якбаяк дошта бошад.

Дар ҳамин ҳол, баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбе хабарнигорон ва мудирони бахшҳои мухталифи Би-би-сӣ бори дигар як ҳамоиши эътирозӣ дар назди сохтмони Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ дар Лондон, дар иртибот бо боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори ин шабака дар шимоли Тоҷикистон, барпо карданд.

[b]Ҳамоиши дувуми Би-би-сӣ: «Урунбой Усмоновро озод кунед!»[/b]

Ҳафтаи гузашта низ дар рӯзи чаҳоршанбе чунин ҳамоише дар назди сохтмони Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ доир шуда буд. Би-би-сӣ тасмим гирифтааст ҳар рӯзи чаҳоршанбе, то замони озодии оқои Усмонов, чунин ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор кунад.

Баргузории ин ҳамоиш дар ҳолест, ки мақомҳои амниятӣ дар вилояти Суғд ахиран аз иттиҳоми «узвият дар Ҳизби Таҳрир», ки пештар алайҳи оқои Усмонов матраҳ карда буданд, сарфи назар кардаанд.

Би-би-сӣ мегӯяд дигар ҳеч баҳонае барои нигоҳдории Урунбой Усмонов дар боздошт вуҷуд надорад ва аз он ибрози нигаронӣ карда, ки мумкин аст идомаи боздошти ӯ бар вазъияти саломатии ин хабарнигори 59-сола асароти манфӣ барҷо гузорад.

Питер Ҳоррокс, раҳбари Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ, низ рӯзи 24 июн дар номае аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, хостааст, ки ба озодии Урунбой Усмонов мусоъидат кунад.

Вале раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳеч посухе ба ин нома ва муроҷиъатномаи аҳли хонаводаи Урунбой Усмонов, ки рӯзи 18 июн ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ ирсол шуда буд, надодааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110630_ea_rsf_usmanov.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *