Дархости рӯзноманигорон барои рафъи фишор бар матбуъот

[b]Теъдоде аз рӯзноманигорон ва созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон бо судури баёнияе аз раиси ҷумҳур ва порлумони ин кишвар хостаанд, ки аз мавориди фишор бар хабарнигорон ва матбуъот ҷилавгирӣ кунанд.[/b]

Ин баёния рӯзи панҷшанбеи 8 сентябр дар ҷараёни ҳамоиши вижае, ки ба муносибати «Рўзи байналмиллалии ҳамбастагии рӯзноманигорон» доир шуд, ба тасвиб расид.

Ин ҳамоиш ба ибтикори созмони рӯзноманигории Медия-Алянси Тоҷикистон ва бо ҳимояти молии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар бинои Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон доир шуд ва дар он рӯзноманигорон аз тамоми манотиқи кишвар ширкат доштанд.

Дар ин баёния аз мавориди эҷоди мавонеъ дар роҳи фаъолияти қонунии расонаҳо ва рӯзноманигорон аз ҷониби масъулини давлатӣ изҳори нигаронт мешавад.

Мавзӯъҳои дигари меҳварие, ки дар ин ҳамоиш баррасӣ шуд, аз ҳамбастагии рӯзноманигорони кишвар, мушкилот ва мавонеъи мавҷуд дар ин замина ва омилҳои таъсиргузор бар он иборат буд.

[b]»Ҳампешагон дар ду сангар»[/b]

Аз ҷумлаи мушкилоти марбут ба ҳамбастагии рӯзноманигорон, ки дар ибтидои ин мизи гирд матраҳ гардид, ба гурӯҳҳо ва маҳалҳо қисмат шудани рӯзноманигорон дар Тоҷикистон буд.

Пулод Нуров, дабири вижаи Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, ҳамбастагии ҳирфаии рӯзноманигорон дар ин кишварро «афсона» хонд ва далели онро ҷудо кардани расонаҳо ба ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ номид.

Вай афзуд: «Рӯзноманигорон низ ба ду гурӯҳи калони ҳукуматӣ ва мустақил тақсим гаштаанд. Онҳо на танҳо ҳамдигарро эътироф намекунанд, балки дар тадобире мисли «Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии рӯзноманигорон»-ро ба таври ҷудогона ҷашн мегиранд.»

Оқои Нуров як сабаби ин «азҳамрезии иттиҳодро» таъсири сохти шӯравӣ донист ва сабаби дигарашро таъсири созмонҳои хориҷӣ бар ин раванд унвон кард. Ӯ таъсири созмонҳои хориҷиро чунин шарҳ дод, ки онҳо аз тарҳҳои нашрияҳои мустақил бештар ҳимоят намуда, аз ҷумла, эълону рекломҳои худро низ бештар дар нашрияҳои мустақил интишор медиҳанд.

Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, омили дигари парокандагии рӯзноманигоронро «маҳаллчигӣ ва майдамаҳалчигӣ» донист.

Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, даст бардоштан аз маҳаллгароӣ ба хотири ваҳдати касбӣ ё пешавариро аз қадамҳои ҷиддӣ барои даст ёфтан ба ҳамбастагии комил миёни рӯзноманигорон хоҳад буд.

[b]»Милюнҳо сомонӣ ҷарима»[/b]

Аз мушкилоти дигар дар ҷомеъаи рӯзноманигории Тоҷикистон, ки дар нишасти рӯзи панҷшанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт, боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ ва Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ», дар вилояти Суғд ва қазияҳои додгоҳии нашрияҳои “ASIA-Plus” ва «Миллат» буд, ки тайи як соли ахир идома доранд.

Иноятулло Иноятов, ҳуқуқдони мустақил, сабаби аслии аз ҳад зиёд ба дарозо кашидани мурофиъаҳои додгоҳӣ ва сардаргумиҳо дар ин заминаро иттилоъ ва дониши кам доштани қозиён перомуни қавонини марбут ба рӯзноманигорӣ ва расонаҳо унвон кард.

Аммо оқои Иноятов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки пайиҳам ба додгоҳ кашида шудани рӯзноманигорон ва нашрияҳо, ҳамчунин маблағҳои ҳангуфт талаб кардани даъвогарон барои “ҷуброни зарари маънавӣ” ба манзури маҳдуд сохтани фаъолияти расонаҳои мустақил дар кишвар сурат мегирад.

[b]Хазинаи дифоъ аз рӯзноманигорон[/b]

Аз ҷумлаи пешниҳодҳое, ки дар ҷараёни нишасти имрӯз муҳим шумурда шуд, таъсиси як хазинаи вижа барои кумаки изтирорӣ ба рӯзноманигорон ва расонаҳое буд, ки мавриди таҳдиду фишор ва ё таъқиб ҳастанд ва ё баҳсҳои додгоҳие доранд.

Қироншоҳ Шарифзора, раиси созмони ғайридавлатии “Журналист”, ки аз мубтакирони ин пешниҳод буд, таъсиси чунин як ниҳодро барои таҳкими ҳамбастагии ҳирфаии рӯзноманигорон бисёр муфид хонд.

Оқои Шарифзода афзуд: «Бигзор агар хазина бо як маблағи ночиз ҳам боз шавад ва пули кам ҳам дошта бошад, аммо муҳим он аст, ки маблағхо дар як ҷо ҷамъ гашта, такиягоҳ ва воситаи кумаки воқеъии рӯзноманигороне мегардад, ки бо мушкил мувоҷеҳ шудаанд.»

Аммо пруфессур Иброҳим Усмонов, рӯзноманигор ва сиёсатмадори маъруф, ҳар гуна кумаки молиро барои рӯзноманигорони ниёзманд чандон муҳим намедонад.

Ба андешаи ӯ, ҳарчанд кумакҳои молӣ тасмимҳои хайрхоҳона ва хубанд, аммо бештар лозим аст ҳамкасбон таваҷҷӯҳи худро ба кумакҳои маънавӣ мутамаркиз кунанд.

Зимнан, дар поёни ҳамоиши имрӯз созмони Медия-Алянси Тоҷикистон ва намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон бо эътои диплумҳо ба теъдоде аз рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил аз фаъолияти онҳо қадрдонӣ карданд.

Аз ҷумла, онҳо ба Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбекии родиюи Би-би-сӣ, ки дар моҳи июн боздошт шуда ва моҳеро дар боздошт сипарӣ кард, ва Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ», ки тайи ҳуҳуди як сол боз дар боздошт ба сар мебарад, диплумҳои “Барои мавқеъи устувор дар журналистика (рӯзноманигорӣ)”-ро эъто карданд.

Родиюҳои «Озодӣ» ва «Имрӯз» низ барои «инъикоси воқеъӣ ва ҳамаҷонибаи мушкилоти журналистика (рӯзноманигорӣ) ва журналистони (рӯзноманигорони) тоҷик» ба ин гуна ҷавоиз ноил шуданд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110908_ea_ah_media_solidarity.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *