Дархости паноҳандагии даҳ журналисти тоҷик дар хориҷа

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки тайи як соли гузашта ба камияш даҳ хабарнигори тоҷик кишварро тарк карда ва дар Амрикову Аврупо дархости кумаку паноҳандагӣ кардаанд.

Дар тӯли як соли охир аз Тоҷикистон на камтар аз 10 журналист хориҷ шуда, аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дархости кумак ва пуштибонӣ кардаанд. Танҳо барои дарёфти кумак ба созмони “Гузоришгарони бидуни марз” дар Порис панҷ нафари онҳо муроҷиат намудаанд.

Масъулони ин созмони ҳомии озодии баён аз ифшои ному ҳуввияти журналистон худдорӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки дар ҷараёни баррасии аризаи паноҳандагии журналистон ва ба хотири амнияташон номашон ифшо намешавад.

Надежда Атаева, раҳбари анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” дар Порис, 22 апрел ба Озодӣ гуфт, журналистони паноҳҷӯ онҳоеанд, ки дар шароити афзоиши маҳдудиятҳои сиёсӣ ва таъқиб кишварро тарк карда, аксаран аз ҳукуматҳои Аврупову Амрико дархости паноҳандагӣ кардаанд. Ба қавли ӯ, гурӯҳи журналистони паноҳҷӯ аз гӯшаҳои дунё зиёданд ва дар миёни онҳо 10 журналист ва блогнавис аз Тоҷикистон низ ҳастанд.

Надежда АтаеваНадежда Атаева

Ӯ гуфт, “аксарияташон дар Аврупову Амрико ҳастанд, чунки дар қаламрави ин кишварҳо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон амал мекунанд. Журналистон имкони гирифтани визаҳои гуманитариро ҳам доранд. Онҳо ба мо муроҷиат мекунанд, баъдан мо ба вазорати корҳои хориҷаи кишварҳое муроҷиат мекунем, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекунем ва аз онҳо дархост мекунем, то ба онҳо ба таври сареъ ва ба хотири касбу кор ва ҳам амнияташон визаи гуманитарӣ бидиҳанд. Дар навбати худ, созмонҳои ёрирасон ба онҳо кумаки моддӣ карда, баъдан ба макони амн мекӯчонанд.” Баъди ин, ба қавли Надежда Атаева, ҷараёнии тӯлонии баррасии ариза ва ҳам мақоми журналист шурӯъ мешавад.

Ин фаъоли ҳуқуқи инсон таъкид кард, ки дар миёни хосторони дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ ҳам журналистони маъруф ва ҳам блогнависон ва ҳам муаллифони матолиби интиқодии сиёсӣ ҳастанд, ки маҳз барои кори хабаррасониашон таъқиб шудаанд. Ӯ гуфт, дар ҳоле ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аслан бо расонаҳо ва журналистони матбуоти мазҳабӣ кор намекунанд, гурӯҳи созмонҳои дигар ба журналистон дар маҷмӯъ ба унвони шахсиятҳои сиёсӣ муносибат мекунанд, ки назари онҳо барои гурӯҳ ва ҷомеаи муайян таъсиргузор аст.

Вай гуфт, дар ин як соли охир гурӯҳи журналистоне, ки ба хотири пӯшиши масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистон мавриди таъқиб қарор гирифтаанд, бештар дар кишварҳои шарқӣ паноҳ бурдаанд. Атаева таъкид мекунад, ки ин 10 нафари аз Тоҷикистон беруншуда маҳз аз фишору таъқиби мақомоти тоҷик фирор кардаанд.

Яке аз онҳо журналисти дар Тоҷикистон номӣ аст, ки дар расонаҳои бонуфуз кор кардааст. Бо далелҳои амниятӣ вай нахост ном ва маҳалли паноҳандагиаш бурда шавад. Ҳоло ӯ таҳти ҳимояти як давлати аврупоӣ буда, мегӯяд, маҷбур шуд баъд аз таъқибу фишор, таҳдидҳои ошкорои мақомоти интизомӣ барои пӯшиши масоиле мисли парвандаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ватанро тарк кунад.

Ӯ гуфт, дар Ғарб журналистон, бахусус онҳоеро, ки дар кишварҳои мисли Тоҷикистон дар шароити пурхатар кор мекунанд, эҳтиром қоил ҳастанд. Ба иттилои ӯ, шумори журналистони кишварро тарккарда ба маротиб бештар аст, чунки фазои фишору таъқибро таҳаммул карда натавонистанд. Ӯ таъқиби журналистон дар Тоҷикистонро бо “мубориза бо табибон” шабоҳат дод, ки “ба ҷои муолиҷаи мараз, табибонро нобуд мекунанд”.

Ба иттилои созмони “Гузоришгарони бидуни марз”, панҷ нафар аз паноҳҷӯён барои кумак маҳз ба ҳамин созмон муроҷиат кардаанд.

Йоҳан Бир, масъули масоили Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар ин созмони мустақар дар Порис гуфт, “дар Тоҷикистон фазои сиёсӣ то рафт мушкилтар мешавад ва як паёмади он, мутаассифона ҳамин шуд, ки мизони фирори журналистон аз кишвар афзоиш ёфтааст. Ин тамоюли нигаронкунанда ва афзояндаро мо дар гузориши ахири марбут ба Шохиси озодии матбуот дар Тоҷикистон таъкид кардем. Шумори воқеии журналистони аз кишвар хориҷшуда барои мо маълум нест, мо танҳо аз рӯи муроҷиатҳое қазоват мекунем, ки ба дасти мо расидаанд. Худи ҳамин рақам ҳам қобили мулоҳиза аст”.

Бир гуфт, бо баҳонаи мубориза бо терроризм, дар Тоҷикистон журналистон таҳти хатар қарор гирифтаанд: “Даъвати журналистон ба идораи пулис барои сӯҳбатҳои муқаддамотӣ дар бораи мақолаҳо, ҳушдори матбуот бо талаби риояи қонун дар бораи экстремизм, инчунин шантаж ва ҳам сабтҳои пинҳонӣ, аз ҷумла сабти равобити ҷинсии онҳо аз шумули ин навъи фишорҳо мебошанд.”

Вале мақомоти Тоҷикистон ҳаргуна фишору таъқиби хабарнигоронро барои озодии баён рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки дар кишвар расонаҳои мустақил ба корашон идома медиҳанд ва касе барои интиқод аз фаъолияти мақомҳои давлатӣ таҳти фишор қарор нагирифтааст.

 

http://www.ozodi.tj/content/tajik-journalists/27689883.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *