Дархости озодии рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов

07cентябри соли 2011
[b]Гузоришгарони Бидуни Марз хостори бознигарии қазияи Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори мунтақиди давлати Тоҷикистон, шудааст
Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар як баёнияи муштарак бо Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон хостори баррасии мунсифонаи қазияи рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов дар додгоҳ шудааст.[/b]
Дар ин баёния аз мусоъидати раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба озодии Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар ин кишвар, қардронӣ шуда ва аз Президент Раҳмон дархост шудааст, ки дар остонаи Рӯзи Байналмилалии Ҳамбастагии Рӯзноманигорон ба сарнавишти оқои Исмоилов низ таваҷҷӯҳ кунад.
Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт, дар шимоли Тоҷикистон, 23 ноябри соли гузашта ба иттиҳоми таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ аз сӯйи кормандони ниҳодҳои интизомӣ боздошт шуда буд.
Аммо Ҷумъаи Мирзо, сардабири нашрияи мустақилли “Нури зиндагӣ”, ин иддаъоро рад карда ва гуфт, ки ин хабарнигор барои чопи силсилае аз матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти раиси ноҳия, додситони пешин ва дигар мақомҳои давлатии ноҳияи Ашт боздошт шудааст.
Оқои Мирзо ба унвони мисол аз матолиби “Ашт валангор мешавад”, “Қотили Наргис кист?” ва “Худкушӣ дар Ашт” ном бурд, ки ба қавли ӯ ба “иззати нафси масъулони давлатии ин ноҳия” расидааст.
Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ) низ боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут хондааст.
Чанде аз созмонҳои бонуфузи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон аз давлати Тоҷикистон даъват ба амал овардаанд, ки Муҳаммудюсуф Исмоиловро озод кунад.
Аз ҷумла, созмони Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ), созмонҳое, ки аз озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоят мекунанд, хостори озодии оқои Исмоилов шуда буданд.
Бо вуҷуди тақозоҳои мукаррари созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон ва мудофеъони ҳуқуқи башари ватанию байналмилалӣ муҳокимаи ин хабарнигор дар додгоҳи шаҳри Табошар, дар шимоли Тоҷикистон, ҳамчунон идома дорад.
Дар баёнияи муштараки Гузоришгарони Бидуни Марз ва АМРМТ аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дархост шудааст, ки ба унвони кафили таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба бозрасии изофии парвандаи оқои Исмоилов ва баргузории ҷаласаи додгоҳ дар шаҳри Душанбе кумак кунад.
Ҳамчунин, ин созмонҳо хостории озодии оқои Исмоилов аз боздоштгоҳ ба қайди васиқа (ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист) шуда ва гуфтаанд: “Ӯ наметавонад дар озодӣ ба шоҳидон фишор ворид карда ё асноди марбут ба парвандаи ҷинойиро нобуд кунад.”

Би-би-си

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110907_mm_rsf_statement.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *