[b]Ниҳодҳои хабарнигории Тоҷикистон хостори ироъаи кумаки молӣ ба Ҷумъабой Толибов, хабарнигори мустақил шудаанд[/b]Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳоди журнолистони ин кишвар аз хабанигорон ва соири атбоъи Тоҷикистон даъват кардаанд, ба Ҷумъабой Толибов, хабарнигори мустақил кумак кунанд.
Дар баёнияи муштараки ин созмонҳо, ки рӯзи чоршанбеи 21 сентябр мунташир гардид, вазъи саломатии оқои Толибов нигаронкунанда арзёбӣ шудааст, ки барои мудовои ҷиддии тиббӣ ниёз дорад.
Тибқи ин санад, боздошт ва муҳокимаи ин хабарнигор дар соли 2005 барои чопи матолиби интиқодӣ ва озодии ӯ аз боздоштгоҳи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд пас аз 6 моҳи зиндон, ҳамчунин, фишорҳо болои ӯ ва баста шудани нашрияи “Пайкон”, ки оқои Толибов муаассис ва сардабираш буд, ба саломатии ин хабарнигор асари манфӣ гузоштааст.
Зимнан, Вазорати адлияи Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ бо даъвое дар қиболи Бюрои “Маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ”-и ин кишвар ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиа карда ва хостори мутаваққиф шудани фаъолияти ин ниҳод шуд.
Ҷумъабой Толибов, раиси ин созмон ва сардабири нашрияи “Пайкон” он замон гуфта буд, ки ҳадаф аз ин иқдоми вазорат эҷоди маҳдудият дар фаъолияти “Пайкон” аст.
Ба гуфтаи оқои Толибов, Бюрои “Маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ” муассиси “Пайкон” буда ва ин нашрия дар моҳҳои октябри соли гузашта ва январи соли ҷорӣ дар бораи вазир ва Вазорати адлия матолиби интиқодӣ чоп карда буд.
Барои бори аввал нест, ки аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ болои нашрияи “Пайкон” фишор ворид мешавад.
Дар авохири моҳи январи соли гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе нашрияи мустақилли «Пайкон»-ро муваззаф карда буд, ки маблағи беш аз 300 ҳазор сомонӣ ба «Тоҷикстандарт», ниҳоди нозир бар колоҳои воридотӣ дар Тоҷикистон қаромат пардозад.
Ҳамчунин, дар пайи ҳаводиси водии Рашт дар тирамоҳи соли гузашта фаъолияти нашрияи “Пайкон” як муддат мутаваққиф шуда буд.
Ҷумъабой Толибов аз соли 1984 узви Иттиҳоди журнолистони Тоҷикистон буда ва дар нашрияи “Меҳнат”-и ноҳияи Айнӣ ва сохтори ҳукумати ин ноҳия фаъолият кардааст.
Наздикони оқои Толибов мегӯянд муҳокимаҳои додгоҳӣ ва мушкилоти табъу нашри нашрияи мустақили “Нури ҳақ” ва “Пайкон” оқои Толибовро ба бистари беморӣ кашонда ва ҳоло ӯ ба кумаки молӣ шадидан ниёз дорад.
Дар баҳори соли ҷорӣ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳоди журнолистони Тоҷикистон зимни як муроҷиъа хостори ироъаи кумаки молӣ ба ба хонаводаи Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонӣ, шуда буданд.
Беш аз 6 ҳазор сомонӣ кумаки молӣ, ки аз ҷониби созмонҳои хабарнигорӣ, нашрияҳои мустақил, хабарнигорони алоҳида ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон ҷамъоварӣ шуда буд, моҳи августи соли ҷорӣ, дар шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба хонаводаи оқои Исмоилов таҳвил шуда буд.
Мардони Муҳаммад
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110921_mm_talibov_appeal.shtml