Даргузашти журналист Усмон Солеҳ аз сактаи мағзӣ

Журналист, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва амалан сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ, рӯзи 10 июн дар синни 61-солагӣ бар сари сактаи мағзӣ аз олам чашм пӯшид.

Маросими намози ҷанозаи Усмон Солеҳ 11-уми июн дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

Усмон Солеҳ аз журналистони собиқадор ва боистеъдоди тоҷик буд, ки дар солҳои 80 ба майдони матбуот омад. Усмон Солеҳ баъди хатми донишгоҳ қариб 20 сол дар рӯзномаи «Ҷумҳурият”, ки дар даврони Шӯравӣ «Тоҷикистони советӣ” ном дошт, кор кард. Баъди таъсиси ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Усмон Солеҳ ба дастгоҳи марказии ин ҳизб ба кор гузашт ва дар тӯли солҳои зиёде роҳбарии бахши таблиғот, иттилоот ва матбуотро дар дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ бар дӯш дошт. Ӯ дар ин мақом амалан сухангӯи ин ҳизб буд.

Усмон Солеҳ дар байни дӯстону ҳамкасбон чун марди дилсофу ҳалим ва хоксору беозор шинохта мешуд. Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба ҳамаи наздикони Усмон Солеҳ ва аҳли журналистикаи тоҷик таслият арз мекунад. Ёдаш ба хайр.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/16861-darguzashti-zhurnalist-usmon-sole-az-saktai-ma-z.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *