Даргузашти яке аз асосгузорони телевизиони Тоҷикистон

Акбар Ҷӯраев, муовини собиқи раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон субҳи имрӯз, 30 декабр аз олам даргузашт. Ӯ яке аз нахустин афроде буд, ки тугмаи “Шурӯъ”-и студияи телевизиони Тоҷикистонро 3 сентябри соли 1959 зер кард. Акбар Ҷӯраев замони кӯдакиашро дар ноҳияи Кангурт сипарӣ карда, таҳсили ибтидоиро дар мактаби рақами 1-и ин ноҳия ба поён расонидааст. Факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, дар 23-солагӣ ба мақоми коргардони аршад расидааст.

Авохири солҳои 80 ва аввалҳои солҳои 90-и асри пор Ҷӯраев ба ҳайси раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ кор карда, пасон муовини вазири фарҳанг таъин мегардад. Ӯ ягона нафаре буд, ки 3 маротиба ба симмати муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон таъин шуд.

Маросими видоъ бо Акбар Ҷӯраев дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

 

http://www.ozodagon.tj/24653-darguzashti-yake-az-asosguzoroni-televizioni-toikiston.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *