Гуландом Раҷабова, хабарнигори ҳафтаномаи “Минбари Халқ” дар синни 34-солагӣ аз ҳаёт чашм пӯшид.
Бино ба иттилои наздикони марҳум, ӯ чанд вақти ахир аз бемории сафедии хун ранҷ мебурд ва субҳи 31-уми декабр аз олам даргузашт.
Гуландом Раҷабова аз соли 2008 дар ҳафтаномаи “Минбари халқ” фаъолият мекард. Намози ҷанозаи марҳум 31-уми декабр дар маҳаллаи Гипрозем баргузор мешавад.
Кормандони хабаргузории TojNews ва ҳафтаномаи “Нигоҳ” нисбат ба даргузашти бармаҳали Гуландом Раҷабова изҳори ҳамдардӣ намуда, аз даргоҳи Худованди пок барояшон Фирдавси барин талаб доранд ва ба пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонанд.
http://www.tojnews.tj/tj/news/darguzashti-habarnigori-khaftanomai-minbari-halk