Журналисти маъруф, коргардон ва танзимгари филмҳо Восеъ Мӯсо дар синни 54-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё чашм пӯшид. Бино ба иттилои насанҷида ӯ бар асари сактаи мағзӣ ба ҳалокат расидааст.
Восеъ Мӯсо (номи аслиаш Муллоаюб) аз дӯстдорони таърих ва мардумони бошарафи миллат буд, ки шабу рӯз дар пайи пажӯҳиши зиндагиву осори бузургмардон заҳмат мекашид. Таъсиси ширкати филмсозии «Арта» ва офаридани силсилафилмҳо аз ҳаёти бузургони миллат, ки оғози онҳо филмҳои мустанад аз ҳаёти нависанда Сотим Улугзода, академик Бобоҷон Ғафуров ва шоҳкории халқ – «Фалак» буданд, аз орзуи асосиаш ба ҳисоб мерафтанд. Дар ин охирҳо Восеъ Мӯсо рӯи асари тоза, филми мустанади дигаре аз ҳаёти овозхони маъруф Олим Бобоев, ки дар айни камол аз байн рафт, кор мекард. Восеъ Мӯсо чандин сол дар телевизиони марказии Тоҷикистон кор кардааст. Чанд муддат корманди Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон низ буд.
Марсоми видоъ ва ҷанозаи Восеъ Мӯсо имрӯз пеш аз намози зуҳр дар масҷиди Ҳамадонии шаҳри Душанбе (маъруф ба Мехколона) баргузор мегардад.
Восеъ Мӯсо 16-уми июли соли 1964 дар деҳаи Моғиёни шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард.
Faraj.tj ба ҳамаи наздикону пайвандони Восеъ Мӯсо, ба кулли журналистони Тоҷикистон нисбати даргузашти ин марди накуном таслият мегӯяд. Худованд ӯро биёмурзад.
http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/16929-darguzashti-vose-m-so.html