Даргузашти радиожурналисти маъруф Шарифи Мисайзод

Шарифи Мисайзод, хабарнигори радиои «Садои Душанбе» субҳи имрӯз дар синни 50-солагӣ даргузашт.

Ба иттилои наздикони марҳум ӯ вақтҳои ахир аз бемории қалб азият мекашид.

Шарифи Мисайзод 6 январи соли 1966 ба дунё омадааст. Фориғутаҳсили факултаи филологияи тоҷик (шӯъбаи журналистика)-и Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар соли 1990 мебошад. Фаъолияти кориро соли 1992 аз идораи Ахбори радиои “Тоҷикистон” шурӯъ карда, яке аз масъулини барномаи машҳури “Хоки Ватан” дониста мешавад. Солҳои охир аз хабарнигорони фаъоли радиои «Садои Душанбе» буд. Ӯ машқи шеър ҳам мекард ва навиштаҳояш бо тахаллуси Шайдо нашр мешуданд.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/darguzashti-radiozhurnalisti-maruf-sharifi-misayzod

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *