Рӯзноманигори собиқадори тоҷик Мирзопӯлод Тошбек бар асари бемории дил дар манзили зисташ аз олам даргузашт.
Мирзопӯлоди Тошбек, рӯзноманигори собиқадор шаби 13 ба 14 январ дар сини 70 солагӣ, дар манзили зисташ аз олам даргузашт.
Пайвандони марҳум гуфтанд, Мирзопӯлод Тошбек шаби 13 ба 14 январ дар синнӣ 70-солагӣ аз дунё гузашт. Ба гуфтаи онҳо марҳум солҳои ахир аз бемории қалб ранҷ мебурд.
Мирзопӯлоди Тошбек солҳои зиёд дар васоити ахбори омммаи кишвар, радиои Тоҷикистон, рӯзномаи «Соҳибкор»-и Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, котиби масъули рӯзномаи «Паёми Душанбе» фаъолияти эҷодӣ дошт. Ӯ аъзои Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мебошад.
Ҷанозаи ӯ имрӯз дар маҳали зисташ кӯчаи Навоӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
http://www.pressa.tj/article/darguzashti-duvumin-zhurnalisti-tochik-dar-avvali-soli-2016