“Ман гап намезанам”, “корманди давлатӣ ҳастам, ба ман мумкин нест”, “дарди сар чӣ даркор?”, “илтимос, аз дигарон пурсед”, “ба раис мактуби расмӣ нависед”, “аз раис иҷозат пурсед”… Ин “сипар”-и аслии масъулони давлатӣ, дафтарҳои матбуотии сохторҳои расмӣ ва баъзе афрод аст, ки ҳангоми муроҷиати хабарнигорон аз сӯҳбат фирор мекунанд.
Бархе мақомоти давлатӣ, ки замоне бо хабарнигорон самимӣ ва ошкор буданд, дар сӯҳбатҳои худмонӣ мегӯянд, наздикии онҳо бо матбуот дар ниҳоят боис ба дарди сар шудааст, чунки онҳоро дар пасманзари хомӯшии аксар мақомдорони дигар ангуштнамо мекунад. Як вазири собиқ ва мутахассиси кори худ, ки дар гузашта роҷеъ ба масоили доғи иқтисодии кишвар ошкору бепарда сӯҳбат мекард, ахиран ба Радиои Озодӣ гуфт, “фазо барои мо ҳам мушкил шудааст, ба мо ҳам фишор меоранд, ки худнамоӣ накунед. Беҳтар аст, ман дигар назар надиҳам”.
“Бовар мекунед, ба камияш ба 6 шуъба занг задам. Дар охир онҳо саволи маро ба раиси кумита вогузоштанд. Аз кумита гуфтанд, ки раис пас аз нисфирӯзӣ меояд. Баъд аз нисфирузӣ соат аз 15 гузашту натиҷа ин шуд, ки гуфтанд: “мактуби расмӣ биёред. Тамом!”, — нақл кард ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед: