[b]Муассисаи Гузоришгарии Ҷанг ва Сулҳ (IWPR) барои рӯзноманигорон дар вилояти Хатлон як давраи омӯзишӣ дар заминаи хабарнигорӣ барои родию баргузор кардааст.[/b]
Мавзӯъи ин давраи омӯзишӣ, ки рӯзҳои 18 ва 19 феврал дар шаҳри Кӯлоб доир мешавад, «Меъёрҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ ва омодасозии гузоришҳои таҳлилии родиюӣ» унвон шудааст.
Шаҳодат Соҳибназарова, масъули тарҳи родиюии Муассисаи Гузоришгарии Ҷанг ва Сулҳ, ҳадаф аз ташкили ин ҳамоишро баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши хабарнигорони ҷавони родию ва кумак ба инъикоси дурусти мавзӯъҳои доғи минтақа дар Кӯлоб унвон кард.
Хонуми Соҳибназарова, ки ҳамзамон мураббии хабарнигорони ҷавон аст, афзуд: «Расонаҳо бояд қавӣ ва озоду ҳирфаӣ бошанд. Дар вилояти Хатлон бояд бахшҳои зиёди родиюӣ амал кунанд, аммо ба сабаби набуди мутахассисон родиюҳо дар ин ҷо ташаккул наёфтаанд.»
«Дар Хуҷанду Душанбе мушкил то ин ҳад нест, ки дар Хатлону Бадахшон ба назар мерасад. Ба ин хотир, роҳандозии чунин омӯзишҳо дар ин ду минтақа як зарурати воқеъист.»
Баргузории ин семинори омӯзишӣ дар ҳолест, ки ба гуфтаи рӯзноманигорони маҳаллӣ, дар минтақаи Кӯлоб ҳеч гуна родиюе фаъол нест, то онҳо барои он кор кунанд.
Баҳриддини Сангимад, яке аз ширкаткунандагони семинори омӯзишӣ, ба ин назар аст, ки чунин ҳамоишҳо воқеъан муфиданд, вале барои дастёбӣ ба фоидаи бештар бояд заминаҳои воқеъӣ фароҳам шаванд.
Оқои Сангимад мегӯяд: «Ин семинор барои мо хеле омӯзанда аст. Ҳарчанд аксарияти мо дар ин замина таҷрубаи амалӣ надоштем, аммо аз бисёр паҳлӯҳои хабарнигории родиюӣ бохабар шудем.»
Вай афзуд: «Зимнан, хеле мутаассифам, ки дар минтақаи Кӯлоб ягон родию фаъол нест, то донишҳои андӯхтаи худро мо дар он ҷо амалӣ созем. Чун ин гуна шароит нест, бардоштҳои мо аз чунин семинорҳо баъди чанд рӯзе аз хотирҳо зудуда мегардад.»
Зафари Мирзоён, нависанда ва пажӯҳишгаре маҳаллӣ дар Кӯлоб, сабаби мавҷуд набудани родиюҳои маҳаллӣ дар минтақаи Кӯлобро «мавонеъи сунъӣ» арзёбӣ мекунад.
Оқои Мирзоён мегӯяд: «Дар Кӯлоб ба сабабҳои норӯшан халои иттилоъотӣ то ҳаддест, ки ягон родиюи маҳаллӣ, ҳатто ҳукуматиаш ҳам фаъолият надорад. Родиюҳои мустақил ба иллати мушкилоти сунъӣ дар сабти ном ва дарёфти иҷозатнома (литсензия) аз кумитаи родию ва телевизиюн наметавонанд таъсис шаванду ба фаъолият пардозанд.»
Оқои Мирзоён мегӯяд, ки қаблан ибтикороте барои таъсиси родиюҳои мустақил дар минтақаи Кӯлоб сурат гирифта, вале мушкилоти сабтином ва иҷозанома аз таъсиси ин гуна родиюҳо монеъ шудааст.
Оқои Мирзоён афзуд: «Ба назари мо, агар дар қонунгузорӣ дар заминаи тартиби сабти номи родиюҳои мустақил имтиёзҳо пешниҳод нагарданд, дар минтақаи Кӯлоб дар ояндаи на чандон дур дигар мутахассиси варзидаи родиюро пайдо кардан маҳол хоҳад буд.»
Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, дар ҳудуди вилояти Хатлон ба ҷуз як родиюи давлатӣ дигар ягон родиюи мустақил фаъолият намекунад. Дар минтақаи Кӯлоби ин вилоят бошад, ҳатто родиюҳои давлативу нимамустақил низ солҳост, ки фаъолият намекунанд.
Ин минтақа дар замони Шӯравӣ низ яке аз манотиқи фақрзада ва нисбатан ақабмондаи Тоҷикистон маҳсуб мешуд, ки дар он ҷо мардум ба манобеъи иттилоърасонии мустақил дастрасӣ надоштанд.
Таҳлилгарон мегӯянд яке аз сабабҳои гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақа дастрасӣ надоштани онҳо ба манобеъи иттилоърасонӣ, аз ҷумла родию ва телевизиюнҳои мустақил, аст.
Муассисаи Гузоришгарии Ҷанг ва Сулҳ ҳамчунин барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзӯъи «Нақши озодии баён дар пешрафти иқтисодию иҷтимоъии ҷомеъа» дарси вижае (лексия) ташкил додааст, ки онро Додарбек Сайдалиев, раиси созмони ғайридавлатии «Шаҳрванд», баргузор кардааст.
Оқои Сайдалиев муаллифи рисолае бо номи «Нақши расонаҳо дар демукротик сохтани ҷомеъаи Тоҷикистон» аст ва созмони ӯ тарҳҳоеро дар заминаи ҳимоят аз тавсеъаи ҷомеъаи маданӣ ба иҷро расондааст.
Семинори омӯзишӣ барои хабарнигорон дар чорчӯби ду тарҳи Муассисаи Гузоришгарии Ҷанг ва Сулҳ, ниҳоде бритониёӣ, дар заминаи ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва бозтоби масоили ҳуқуқи башар дар расонаҳо сурат мегирад, ки аз ҳимояти молии Кумисиюни Урупоӣ ва давлати Нурвеж бархурдоранд.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110219_ea_ah_radio_journalism.shtml