Дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook дар ҳудуди Тоҷикистон номумкин шудааст.
Мушкили вуруд ба Facebook аз бегоҳи рӯзи шанбеи 4 октябр мушоҳида мешуд ва нимаи дуюми рӯзи якшанбеи 5 октябр ҳамаи ҳашт интернет-провайдери Тоҷикистон дастрасӣ ба ин шабакаро маҳдуд карданд. Ҳамакнун корбарон танҳо тавассути анонимайзер ё проксӣ-серверҳо метавонанд ба Facebook ворид шаванд.
Дар ҳамин ҳол, як намояндаи ширкати интернетрасони кишвар, ба шарти ошкор нашудани номаш, ба РИА Новостӣ гуфтааст, ки барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба Facebook аз ҷониби Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тариқи телефон дастур гирифтаанд.
Дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook қаблан низ чанд маротиба бо дастури Хадамоти алоқа дар қаламрави Тоҷикистон маҳдуд шуда буд.
Faraj.tj