Дар Суғд миёни рӯзноманигорон озмун эълон шуд

Бо қарори и.в. раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, миёни рӯзноманигорони вилоят озмун эълон карда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин рӯзноманигорони вилоят дар самти инъикоси масоили мубрами ҳаёти иҷтимоии минтақаи шимоли кишвар буда, озмун аз се бахш ва аз рӯи 9 номинатсия баргузор ва беҳтарин муаллифони мақолаҳо оид ба бахшҳои таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳу нақлиёт ва тандурустӣ ғолиби озмун дониста мешаванд.

«Мукофотпулӣ барои беҳтарин мавод оид ба масъалаҳои ҳаётан муҳими вилоят аз 1500 то 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маҷмӯан барои баргузор сохтани озмун ва бо мукофтпуливу туҳфаҳо сарфароз гардонидани ғолибони он, тибқи қарори раиси вилоят аз воситаҳои буҷети вилоят ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад», — афзу сарчашмаи хабар.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки ба 20 рӯзноманигори беҳтарини вилоят қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ низ ҷудо карда мешавад.

http://news.tj/tj/news/dar-su-d-mieni-r-znomanigoron-ozmun-elon-shud

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *