Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ва дастгирии Интернюс Нетуворк ва САҲА имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Баланд бардоштани самаранокии гузариш ба пахши рақамӣ дар Тоҷикистон тариқи омӯзиши таҷрибаи пешқадам» мизи мудаввар доир менамоянд.
Дар варақаи иттилооотии Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар ин робита қайд мешавад, ки гузариш ба пахши рақамӣ на танҳо масъалаи техникӣ, балки иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ҳам мебошад. Омили пешрафти ин гузариш аз ҳамкориҳои бисёрҷониба вобаста аст. Ҳамзамон дар ин раванд азнавбанақшагирӣ, азнавтақсимкунӣ ва идораи басомадҳо муҳим аст, ки бо васеъ намудани инфрасохтори пахш имконияти дастрасии муттасили шаҳрвандонро ба контенти миллӣ дар доираи қонунгузории ҶТ ва ӯҳдадориҳои байналмиллалӣ фароҳам меоварад.
«Айни замон то санаи муайяншудаи гузариш ба пахши рақамӣ вақти кам мондааст ва вазъи имрӯза аз ҳама иштрокчиёни манфиатдори ин раванд муносибати дурандешона ва қабули қарорҳои мақсаднокро талаб менамояд. Вобаста ба ин, мақсади мизи мудаввар омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо баҳри беҳтар намудани ҷараёни гузариши Тоҷикистон ба пахши рақамӣ мебошад. Аз ҷумла муайян ва муҳокима намудани мушкилиҳои ҷараёни гузариш дар мамлакат ва коркарди тавсияҳо барои тағйир додани вазъият дар ин самт», — оадааст дар маълумот.
Гуфта мешавад, мизи мудаввар аз ду қисмат иборат аст, ки яке ба муҳокимаи чорабиниҳои ташкилию техникӣ ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ бахшида шудааст. Дар қисми дуюми чорабинӣ оид ба таҷрибаи Литва намояндагони Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди ҳукумати ҶТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маълумот медиҳанд, ки вазъиятро дар ин мамлакат омӯхтаанд.
Зикр мегардад, ки коршинос, сардори Хадамоти байналмилалии банақшагирии басомадҳои дафтари федеролии алоқаи Шветсария Александр Холод дар бораи банақшагирӣ ва амалисозии гузариш ба пахши заминии рақамӣ, тақсимоти басомадҳо, элементҳои асосии пахши рақамӣ ва марҳилаҳои қатъи бомувафаққияти пахши аналогӣ маълумот медиҳад. Инчунин коршиноси мазкур дар бораи душвориҳои асосии техникӣ ва мушкилиҳои истеъмолкунандагон, сармоягузориҳои иловагӣ ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ, ба роҳ мондани хизматрасониҳои рақамӣ, зарурати ҳамкории тарафҳо ва амалу корҳои фаврие, ки Тоҷикистонро зарур аст то санаи тасдиқкардашудаи 17 июни соли 2015 иҷро намояд, иттилоъ медиҳад. Ҳамчунин ӯ таҳлили васеи оғози гузаришро ба пахши рақамӣ дар Тоҷикистон пешниҳод намуда, масъалаи интихоби система, фарогирии территория, рушди хизматрасонии заминии рақамӣ дар мамлакат ва дигар омилҳои муҳимро шарҳ хоҳад дод.
Дар кори мизи мудаввар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати ҶТ, Маҷлиси Олии ҶТ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, коршиносони байналмиллалӣ аз Шветсария, муттахасисон аз Қазоқистон ва Қирғизистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмиллалӣ ва ҳамчунин роҳбарони телевизионҳои мустақил иштирок менамоянд.
Қобили зикр аст, ки ҷараёни гузариш ба пахши рақамӣ дар Тоҷикистон на танҳо ба пахшкунандагон ва истеҳсолкунандагон, балки барои аҳолӣ низ мушкилӣ ба миён овард. То имрӯз дар раванди гузариш ба пахши рақамӣ масъалаҳои асосӣ чунинанд: номуайянӣ дар ҳолати ҳуқуқии телевизионҳои мустақил ва имкони ворид кардани шабакаҳои хусусӣ ба бастаи иҷтимоӣ; набудани иттилоот аз ҷараёни гузариш ба шакли нави пахши барномаҳо; муайян кардани нархномаи пахш.
http://news.tj/tj/news/dar-dushanbe-samaranokii-guzarish-ba-pakhshi-ra-amiro-barras-mekunand